Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Гаранг шудем. Аз дасти Юнуси то динаҳо дарбадар ҳам халосӣ нест. Шон акнун раис, соҳиби деҳа! Беҳуда намегуфтаанд, ки нодида бинад, эзорашро олуда мекунад.
– Як вақтҳо ба вай дўст будед...
– Аз рўзе ки калхоз сохтанд, дар таки бинои дўстии мо об рафт, тақсир.
– Нағз нашудааст.
– Нағз шуд! Ҳа-ҳа нагўед, вай лаънатӣ ҳама молу ҳоли маро гирифта, ба ҳисоби калхоз мегузаронад.
– Чаро худатон ихтиёрӣ ба сафи онҳо надаромадед?
– Ман аҳмақ нестам, ки як ҷуфт барзагаву чор бузу гўсфанди дар сад азоб ёфтаамро ба ин мардуми зотан танбал баҳам бинам.
– Барои чӣ танбал будаанд?
– Танбал набошанд, фақир... ё камбағал ном намебардоштанд. Кас аз заҳмат накашидан, аз арақи ҷабин нарехтан камбағал мешавад.
Ба лабони Усмон Азиз саҳл табассум дамид ва ў Ҳомидро бештар ба гап гирифтан хоста, бардурўғ пурсид:
– Агар ҳамон каси шумо мегуфтагӣ барои заҳмат кашида, арақи ҷабин рехтан замин надошта бошад, ё барои ду-се гўсфанд харида, сол ба сол ҳисоби онҳоро афзудан пул надошта бошад… дар он сурат чӣ?
– Аз таҳти дил хоҳад, меёбад. Замин ҳам, пул ҳам... Асоси кулли хушиҳои зиндагӣ заҳмат аст.
– Шояд, – гуфт Усмон Азиз ва фурсате сукут карда, боз пурсид: – Худатон чӣ хел, бадавлатед?
– Не, тақсир, ман бадавлат нестам. Лекин дар як парча замине ки аз раҳматӣ падарам мерос монда буд, то ҷон дорам, арақи ҷабин мерезам. Ба ҳар ҳол... зану фарзандонам дар фароғат. Худам ҳам аз ину он чандон танқисӣ намекашам.
– Хайр, акнун чӣ кор кардан мехоҳед? Ҳукумати шўро зиёдаш... шуморо ду сол дар ихтиёратон мемонад, се сол...
равед, ки чор сол. Баъд чӣ – ҳамин тавр… ман аз калхоз безор гуфта, гаштан мегиред?
Ҳомид даме фикр карда, бадард ҷавоб гардонд:

пешина
аз 551
навбатӣ