МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
– Надонистам, тақсир. Худо агар дар болои сарамон бошад, ягон гап мешудагист. Мана, шумо омадед. Мегўянд, ки Иброҳимбек ҳам...
Усмон Азиз:
– Бек, а! – гўён фавран сухани ўро бурида, ба нафрат даст афшонд. – Тамоми ин кашокашу бесомониҳо аз касофати ҳамон аспдузд!
– Барои чӣ? Охир, худатон... – саросема шуда, давоми суханашро ба забон оварда натавонист Ҳомид.
– Чӣ худам, гап занед... чӣ?
Нигоҳи алмосвор тези Усмон Азиз ба рўи вай чун неши дашна мехалид.
– Чӣ худам? – дар ситез такрор кард ў. – Гап занед!
– Гуфтанӣ будам, ки натарсида... дар тариқи мусулмонободӣ камар бастаед.
– Шумо инро аз куҷо медонед?
– Аз омаданатон, аз силоҳатон, – канда-канда гуфт Ҳомид. – Аз он бединҳоро асир гирифтанатон...
– Ҳмм, сода будаед, – гуфт Усмон Азиз ба оҳанги писханд. – Дар ин бора гашта даҳан накушоед. Мусулмонободӣ мешавад, ё кофирободӣ – ба ман дигар фарқ надорад.
– Сабаб, тақсир?
– Сабаб ин ки, худо хоҳад, мо фардо бозпас ба раҳ медароем. Меравем...
– Шумо равед, ман барин одамони сардаргум чӣ кор мекунанд? Ягон бўи умед ҳаст ё не?
– Инашро намедонам.
– Аҷаб, – гуфт Ҳомид, яқин дар банди хаёл афтида. – Сониян, ба онҳо чӣ чора мебинед? Ҳамин гуна намемондагистед албатта...
– Ба киҳо? – худро дар нофаҳмӣ зад Усмон Азиз.
– Ба Анвари худатон, ба ана вай бегонаи муаллимтарош!
– Шумо парво накунед. Ҳар ҷазое ки чор бандаи мусулмон лозим донанд, ҳамон истифода мешавад.
– Мо фикрамонро гуфтем. Мулло ҳам гуфтанд.
– Яъне сазои онҳо – куштан... Ман гапи шуморо дуруст фаҳмидам?
– Бале, тақсир, фақат куштан! Агар дар деҳаи мо, масалан, ягон кофир омада, ба дағдаға калхоз месохт, ё мактаб мекушод, аламаш камтар буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё