МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Усмон Азиз дигар гап намезад. Такя ба болин дода, ба чор аспи зери соботу чор тути саҳни ҳавлӣ менигарист. На танҳо хашмолуд, балки боз пакар ва ғамгин ҳам метофт.
Осмон хеле сафед шуда, ба замин низ равшанӣ мебахшид. Аз пушти абрҳои хокистарранги тунук, хира бошад ҳам, гоҳ-гоҳ қурси офтоб ба назар мерасид. Ҳатто саҳле дидан мумкин буд, ки вай дар муҳити бекарони худ чӣ тарз оҳиста шино мекунад. Замини ҳоло аз оби раҳмат таъмин осуда нафас мегирифт. Насими серуни баҳорон суст ва гўё ба дили хоҳам-нахоҳам вазида, шохаҳои дарахтонро базўр меҷунбонд. Сабзаҳои рўи ҳавлӣ тар, тоза ва хушрангтар мунамуданд. Кўҳи Ҳафтсар, ҳафт қуллааш аз барф сап-сафед, чун ҳазорон сол муқаддам дар мақоми худ босалобат ва устувор меистод. Аз як гўшаи шифти айвон мусичае «ку-ку...»
мегуфт. Аз куҷоҳо тоқа-тоқа ё ду-ду, се-се… гунҷишкон парида омада, дар лаби боми хона менишастанд; чириқ-чириқ мекарданд, пату пар меафшонданд ва боз сабук ба ҳаво мехестанд. Аспҳои нимқантар баъзан сар бардоштаву бинӣ афшонда, аз нав ба охур хам мешуданд. Деҳа дигар ором буд.
Ҳавои соф ва андак рутубатноки он ба тану ҷони кас ҳузуру ҳаловат мебахшид.
Вале ин ҳамаро Усмон Азиз қариб ҳис намекард. Вай дар қайди андешаҳои гарони худ буд. Дилу ҷигараш даргирифта, зану фарзандонашро ба хотир меовард. Инчунин дар пеши назар чеҳраи нуронии падару хандаҳои гарми модарашро медид; қомати паҳлавонона, рўи зебо ва меҳрубониҳои додараш Сулаймонро низ равшан тасаввур менамуд.
Замоне буд, ки онҳо дар ҳамин ҳавлӣ, дар ҳамин хонаҳои барҳаво хушу хурсанд зиндагӣ мекарданд, аз ғаму ғуссаи дунё хабар надоштанд... Аммо баногаҳ чӣ шуд? Чӣ шуд, ки бахт якбора аз хонадони ҳоҷӣ Азиз Матин рўй тофт? Рўзгори осудаи онҳо ғафлатан зеру забар гардид, ба бунёди умеду орзуҳояшон футур рафт... Ва чаро, барои чӣ... тақдир ўро нохост ба кўи номуродӣ андохт?
Усмон Азиз сабаби инро хуб медонист.
Медонист, ки инқилоб шуд... лекин падараш, додараш Сулаймон ва худаш ҳам марому мақсади онро сари вақт фаҳмида натавонистанд. Аз таноб-таноб замину рама-рама гўсфанд ва ҳирси пулу мол, ки ба монанди кирми дарахт рўҳи инсонро оқибат ғирбол мекунад, ҷудо шудан нахостанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё