МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Акнун хуш бош, раиси дурўза, то саҳар зинда бош!
Чун дид, ки дигар илоҷ нест, Юнус дастонашро худаш ба пушт бурда:
– Банд, – гуфт ба Қурбон. – Ин хоҷаат туро то куҷо мерасонад, ягон рўз ба ду чашми ботин дида, дилу ҷигарат об шуда, хун гиристанат бе гумон.
– Ту аз ман наранҷ. Қурбонро ҳам аз раҳ назан, – гуфт ба вай Усмон Азиз. – Танҳо аз қисмат дон. Ман аз фармудаи шариат берун рафта наметавонам.
– Агар ҳомиёни шариат ту ва ҳамин бузриши ҳаромхўр бошед, туф кардам ба тапутези шумо! – дар ҳолате ки дастонашро сахт мебастанд, ба овози баланд гуфт Юнус.
– Баред! Баред ин саги дар меҳроб мезидаро! – аз ҷояш нимхез шуда, дод зад Усмон Азиз. – Баред, маҳкам кунед!
Зудтар баред, ки дар даҳонаш поруи пўсида, ҳайвон барин хоб равад дар он чордевори бадбў.
– Худат ҳайвон! – гуфт Юнус.
– За-абона-атро ка-аш! – гуфт Ғуломҳусайн ва ҳамроҳи Қурбон ўро пеш андохта, ба ҷониби оғил бурд.
– Нағз нашуд, – дар таассуф калла ҷунбонд Зариф Барака, ки дар поини суфа зору ҳайрон меистод. – Дуруст фикр кунед, бой, шайтонро ҳай занед.
– Чӣ лозим буд? – гуфт деҳқони дуюм.
– Убол, гуноҳ... – ғурунгид деҳқони сеюм.
– Ҳама дафъ шавед, ки дигар набинам афти ҳароматонро! – гуфт Усмон Азиз, аз чашмони ғазаболудаш гўё шарора парида. – Дар ин ҷо фақат туҳо намерасидед!
– Хуб, хуб, мо меравем, – гуфт Зариф Барака. – Лекин шумо фикр кунед.
– Набошад чӣ, фикр мекунам, ҳатман, – боз ба лабони Усмон Азиз табассуми ҷонфигор давид. – Ҳоло гум шавед, тезтар. Ёфтед ба кӣ маслиҳат доданро!
– Равед-э, равед... – гуфт Ҳомид ҳам, дар қаҳр ба сўи дарвозахона ишора намуда.
Ва онҳо рафтанд; ба сари хаму дили пурғам рафтанд.
Қурбону Ғуломҳусайн омада, дуртар аз дастархон дар лаби суфа нишастанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё