МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Баъд кўдаки парпечашро ба сандуқи сина бештар пахш намуда, озод пурсид:
– Додари маро куҷо кардӣ? Канӣ шавҳарам? Ту аз онҳо чӣ мехоҳӣ?
Овозаш ҷарангос мезад.
– Аввал салом гуфтаанд, хоҳарам, он гаҳ калом, – ба ханда моил шуданд лабони Усмон Азиз.
– Саломи ман ҳоло қадр дорад. Қимат дорад... Дар кадом мулки бегона гашта-гашта, имрўз балои осмонӣ барин ногаҳон пайдо шуда, ба одамони бегуноҳ ҷабр мекуниву ман ба ту боз салом диҳам?!
– Ҳай-ҳай, – аз рўи одат оҳанаки асояшро дар замин кўфта, гуфт мулло Салим ба маломат. – Ана беадабӣ, ана шаттоҳӣ. Шарм надошта, як мардаки баобрўи синнаш ба ҷое расидаро ту мегўяд. Ҳай-ҳай... Эҳтиёт шав, ки ба зан ҳолат ин хел кардан гирӣ, фардо – рўзи қиёмат – дар оташи дўзах гаштаву баргашта месўзӣ.
– Шумо кордор набошед, имом. Ман ўро аз овони кўдакиаш медонам, аёли баақл аст. Вай худаш мефаҳмад; нағз мефаҳмад, ки...
– Чиро фаҳмам? – гуфт ба ситез Сабоҳат, ҳамоно сухани Усмон Азизро бурида. – Ту ягона додарам, шавҳарам, боз...
он муаллимбачаи беозорро ба истинтоқ гирифта, мири ғазаб барин зада-зада, бандӣ мекуниву ман чиро фаҳмам?!
– Аз ҳаддат нагузар, – гуфт Усмон Азиз, якбора ваҷоҳаташ тағйир ёфта. – Агар обу нони ман намебуд, кайҳо ба таки ҳафт ман хок мерафтӣ.
– Ҳамон обу нони ҳароми туро намехўрдам, сад маротиба беҳтар буд...
– Лабу даҳонатро ғундор, духтарам, нағз не, – гуфт мулло Салим, ки худро дошта наметавонист.
Вале Сабоҳат ба ў эътибор накарда, суханашро дар ҳасрат идома дод:
– ...миннат намекашидам. Аз ҳаддат нагузар будааст! Ту ҳам дониста гап зан, аз каҳри худо тарс. Ба ёд ор, ки чӣ тавр падарам ба касофати ту нобуд шуд; додарам, ману модарам... – вай нохост гирист, – дар ин ҳавлӣ аз субҳ то шом чӣ хел канизвор аз паи обу алават мегаштем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё