МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Кори намекардагиамон набуд. Як лаб нони туро хўрда бошем, муфт не... ба ивази меҳнатамон мехўрдем.
Гиряи Сабоҳат торафт баланд гардида, парпеч дар бағалаш меҷунбид – кўдак яқин бетоқат шуда, даступо мезад.
– Боз чӣ гап дорӣ? – хунсард пурсид Усмон Азиз.
– Гапам ҳамин ки, – гуфт ў канда-канда, – додарамро раҳо кун, шавҳарамро раҳо кун!
– Боз чӣ?
– Дигар ҳеҷ...
– Пас ҳоло ба хонаат рав. Фардо саҳар биё. – Вай лаҳзае хомўш монда, қатъӣ илова намуд: – Бале, фардо ҳатман мебинӣ онҳоро!
– Барои чӣ, охир? Чаро акнун не? – ба як дарду алами ҷонсўз фиғон кашид Сабоҳат. – Онҳо чӣ гуноҳ карданд? Ту худат чӣ муддао дорӣ? Ҷавоб деҳ...
Кўдак гирист.
– Ба заифа-мардум ҷавоб додани ман шарт не. Рав, бисёр налақу рав, – гуфт Усмон Азиз, ки аз шўру фиғони ин зани «мўяш дарозу ақлаш... тавба!» номаълум дандон месовид.
– Аз авлиёву анбиё наметарсӣ?! – хориаш гирифта, ў бадтар ашк мерехт. – Ту ҳам бандаи мусулмон-ку... Ман чӣ хел равам? Аввал фаҳмон, ки аз онҳо чӣ мехоҳӣ. Фаҳмон! Мақсадат сиёҳкорӣ набошад, баъд ана... майлат, ман меравам.
– Ба ту чанд бор гўям, ки саҳар биё?
– Охир...
– Сарамро гаранг накун, бас!
– Раҳми кўдакамро хўр. Ба мани муштипар осон не...
Ҳамин вақт, Сабоҳат ҳоло суханашро ба охир нарасонда, аз оғил фарёди пурхашми Юнус баланд гардид:
– Худатро паст назан дар назди он шағол! Садқаи оби дидаат шавад вай. Дар ин ҷо наист, рав, зудтар хона рав.
Натарс, ба мо ҳеҷ ҳодиса рўй намедиҳад. Вай аслан кист? – дайдуи кўчаҳои чиркини Пешовар. Намедонад, ки давраи бедодгарӣ кайҳо гузаштааст аз бари ин диёр... Ту рав! Он мурғи посухта як тора мўи моро кам карда наметавонад.
Баъд овози хастаи Анвар баромад:
– Рост мегўяд, хоҳарам, рав!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё