Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Шунидӣ? – пурсид Усмон Азиз, ҳамчунон аз Сабоҳат чашм наканда.
– Шунидам, – гуфт ў, дар сурате ки базўр ашкашро фурў менишонд.
Аммо кўдак...
Вай ғаш карда, сахттар мегирист.
– Шунида бошӣ, ба раҳи омадаат рав. На танҳо ман, балки ягона додарат... шавҳари раисат ҳам мехоҳанд, ки ту аз ин ҷо зуд дафъ шавӣ!
– Кӣ дафъ мешавад, кӣ не... ҳоло мебинем, – боз ба гўш расид овози Анвар.
Усмон Азиз акнун хомўш буд, ҳатто хотирҷамъ буд. Мулло Салим, хайр, маълум – кафши чўбинаш дар пой, гўё ба санг табдил ёфта, аз ҷой намеҷунбид.
Сабоҳат низ сукут меварзид. То қадре ором гирифтани кўдакаш вай ҳамин гуна истод-истоду ниҳоят... дар як нафрати кушанда ба чашмони бераҳми Усмон Азиз нигарист.
– Илоҳӣ бекафан мурда, тўъмаи зоғу заған шавӣ!
Сипас тоб хўрда, оҳиста кўча баромад.
Дар ҷавоб ба ин дуои бади зан Усмон Азиз лом нагуфт.
Фақат хандаи талхе кард.
Инак дар ҳавлии берун хомўшии мутлақ ҳукмфармо буд.
Қурбону Ғуломҳусайн дар пеши дари оғил ҳайрон истода, гоҳо ба якдигар чашм медавонданд. Ва мешуд, ки ба андоми хоҷаи худ ҳам гаранг назар меандохтанд.
Усмон Азиз лаб газида, се-чор дақиқа наҷунбид, – ба пиндор пойҳояшро дар замин мехкўб карда буданд. Мулло Салим, ки аз ин вазъи ў ба танг меомад, бардурўғ сурфид. Ва Усмон Азиз:
– Ҳамин тавр, имом, – гўён вазнин қадам бардошт.
– Ба дилатон нагиред: занак аст, ақл надорад.
– Ақл надорад мегўед? – маҳзун пурсид вай, чуқур нафас кашида. – Не-е, аз ману шумо баақлтар аст... Хуб, ҳоло меравем. То пагоҳ худо подшоҳ...

15
Баъде ки Юнуси раис, Зариф Барака ва ду деҳқони дигар
як паллаи дарвозаро ба дарун тела дода, пасопеш ба ҳавлӣ даромаданд, Таманно аз кўчаи калон шитобон ба тангкўча дохил гардида, пас аз фурсате се-чор қитъа токзорро гузашта, боз ба поини боғи Усмон Азиз расид.

пешина
аз 551
навбатӣ