МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Вай пагоҳӣ Анвар ва Кароматро дар пеши Усмон Азиз хору забун дида, то ба онҳо ёрӣ расонад, то ки онҳо аз чанги бой ва шариконаш раҳо гарданд, саркану покан ба ҳавлии Зариф Барака рафт. Вале ўро наёфт. Кампираш, ки аз ногаҳон пайдо шудани Усмон Азиз хабар доштааст, дар таассуф ба вай фаҳмонд:
– Мардак камтар чўб бурида меоям гуфта, баромада буд.
Бисёр зарур бошад, ўро аз боғи калхоз меёбӣ.
Таманно лаҳзае фикр карда истоду гашта ба кўча тохт.
Аз назди чанд дару дарвоза гузашта, боз ба як ҳавлича даромад. Аммо ҳайҳот! Соҳиби он ҳам набуд – аз паи кадом коре саҳари мардон ба водӣ рафтааст... Тавре ки пояш аз замину дасташ аз осмон канда шуда бошад, вай ночору ноилоҷ монда, нав берун аз дарвоза қадам гузоштан мехост, ки дар кўча Халил ва Аторо дида, ҳамоно худро пас кашид.
Онҳо, ба сари китф яктаӣ туфанг, хотирҷамъ аз боло омада, оҳиста-оҳиста поин мерафтанд. Мағрур ва босалобат мерафтанд, – мисле ки арбоби мутлақи деҳа буданд. Баъзан хандида, байни ҳам бемалол гап мезаданд.
Таманно дар пушти дарвоза гўш ба қимор шуд.
Онҳо акнун аз пеши ҳавлича мегузаштанд. Ато гулў равшан карда:
– Тағйир ёфтааст Усмон Азиз, – гуфт.
– Ин қадар дур аз ватан гардӣ, ту ҳам бе гумон тағйир меёбӣ, – фориғбол ҷавоб гардонд Халил.
Вале Ато, чунон ки сухани ўро нашунида бошад, хаёлманд идома дод:
– Гург барин ташнаи хун... Аз як худи нигоҳаш ба тани кас раъша медавад. Боз фармудаанд, ки то мусофир нашавӣ, мусулмон намешавӣ. Беҳуда...
Халил гуфт:
– Мусофирӣ, ҷўра, ба ҳар кас ҳар навъ таъсир мекунад.
Лекин омаданаш айни муддао... Худои карим оҳи маро шунид. Ҳа-а, нағз, ки омад. Бисёр нағз… Вай аз зоти Шермалик, аз он Анвари бедину бебунёд қасди маро ҳам мегирад.
– То ҳол аламат нагузаштааст? – пурсид Ато.
– Не, ҷўра, ҳеҷ гоҳ аз дилам намеравад. Баъди маргам ҳатто устухонам ёд мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё