Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳамин тавр, ба якдигар гапзанон, бешитоб қадам монда, онҳо аз ҳавлича дур шуданд.
Таманно аз зўри ҳаяҷон ва ноилоҷӣ дарақ-дарақ меларзид. Ин дуяш ҳам душмани Анвар будаанд. Боз туфанг бардоштаанд. Аз кӣ гирифта бошанд? Аз Усмон Азиз? Ё аз они худашон? Наход... Каждумони таки бўрё! Кас дар ин замона намедонад дўсташ кисту душманаш куҷост...
Таманно қарор дод, ки аз паи онҳо поида-поида меравад:
ку бинад – чӣ кор карданианд, мақсадашои чист?
Вай оҳиста аз дарвоза баромад. Кўча холӣ буд. Маълум, ки Халил ва Ато аз хамгашт гузаштаанд.
Қадамашро тезонда, ў ба хамгашт расид ва бармало дид:
онҳо дар назди ҳавлии Раҷаб-бобо таваққуф карданд. Муйсафед, ки аз як тараф ба асо ва аз тарафи дигар ба китфи наберааш такя оварда, дар дами дарича меистод, чизе гуфт.
Ва Халилу Ато ба вай ҷавоб гардонданд. Духтар сухани онҳоро намешунид. Фақат чашмаш гирифт – Халил ба қаҳр, ё ин ки тамасхуромез даст афшонд ва рафт. Ато ҳам аз раҳаш намонд.
Таманно дар андешаи онҳо ба қафо нигоҳ карда, мабодо ўро шиносанд, як бари рўяшро дар қарси пахтагини гулдор, ки Анвар аз хондан тўҳфа оварда буд, каме пинҳон дошта, ба Раҷаб-бобо наздик шуд ва салом дод.
Мўйсафед сар ҷунбонда, ба ҳамин саломи ўро алейк гирифт. Сипас, дар ҳолате ки лабони аз ғояти пирӣ кабудтобаш сахт меларзиданд:
– Дидӣ он лаънатиҳоро? – гуфт. – Ба хизмати Усмон Азиз даромадаанд. Акнун ба туфанг сайру гашт мекунанд... Хонаатон сўзад!
Таманно овоз набароварда, талх гирист.
– Ганда ҳеҷ гоҳ нағз намешавад, духтарам, – гуфт Раҷаб-бобо, ки як мўйсафеди тахмин навадсола буда, дар паноҳи набераву асояш базўр рост меистод. – Ту оби дида нарез. Нағзаш, раисро пайдо кун. Вай аз рўи гап дар дашти Пойгаҳҷо. Ман ин хел бедасту по бошам... Дар хона ягон мардина нест, ҳама аз паи кор... Чӣ илоҷ, духтарам, раҳи дур бошад ҳам, рафтан лозим. Ту, охир, узви калхоз-ку! Аз шасташон маълум, ки он худобехабарҳо қасди бад доранд.

пешина
аз 551
навбатӣ