Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Тундар гулдурос мезад.
Гоҳ аз ин гўшаву гоҳ аз он гўшаи осмон ва гоҳ дар болои сар хаданги барқ ҷаҳида, замину замонро ба ранги тези кабудфом меомехт.
Маркаб метарсид; гўшҳояшро хобонда, гашташро суст мекард. Баъзан таққӣ истода, умуман аз ҷой намеҷунбид.
Дар ҳамин гуна аҳвол масофа паймуда, онҳо пас аз нисфи рўз ба деҳа расиданд – шояд пештар меомаданд, лекин шохборону раъду барқ халалгор шуданд – ва дар кўча ба Зариф Барака вохўрданд. Юнус аз ў вазъиятро фаҳмида, ба Таманно гуфт, ки зудтар хона равад, модараш танҳост.
Вай аз маркаб фуромад; баъде ки онҳо як паллаи дарвозаро ба дарун тела дода, пасопеш ба мактаб, ба собиқ ҳавлии Усмон Азиз даромаданд, Таманно ба ҷои он ки пеши модараш равад, худро ба тангкўча зад. Ва ана, оқибати бархўрдро ба чашмонаш дида, ҳоло боз қафо мегардад.
Ў чӣ кор кард?
Акаи Юнусро баумед аз Пойгаҳҷо ба деҳа оварду ин хел...
муфт дар дасти он даранда супурд. Ба гуноҳи Таманно бандӣ шуд раис. Шумхабар будааст вай, шумтолеъ будааст! Барои чӣ худо нолаҳои зорашро намешунавад? Сабаб чист, ки зўр ҳамеша камзўрро азоб медиҳад? Чаро давлатманд ба камбағал забардастӣ мекунад?..
Духтар қариб тозон ба ҳавличаи нимфатароти аз раҳматӣ падараш мерос даромад. Сару нўкаш гум, нафасаш печида, вай кам-кам меларзид.
Модараш як кўҳнаҷомаро ба китф гирифта, дар айвон менишаст. Бечора модар! Ҳамеша синаи раҳм аст... Фарзандашро дидан баробар дар болои кўрпача нимхез шуд. Аммо ёрои бархостан надошт.
– Шинед, очаҷон, наҷунбед, – гуфт Таманно ва худро дар оғўши гарми ў андохта, ба ду дидаи ашкбор ҳама ҳодисаро баён кард.
Модар низ гирист.
– Дигар курта пўш, духтарам, тар шудаӣ. Иншооллоҳ, ба Анвар осеб намерасад, ба он муаллимбачаву акаи Юнусат ҳам... Акнун худо мегўем, дар паноҳат нигаҳ дор мегўем. Аз дасти ману ту фақат ҳамин меояд.

пешина
аз 551
навбатӣ