Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Вале Таманно:
– Не, очаҷон, не, худо аз оҳу воҳи бандаҳои камбағалаш бехабар! Ман ба Дизак меравам. Вай деҳаи калон, дар он ҷо шўрои ҷамоат ҳаст, акаи Шокир ҳаст. Ба ў хабар расондан лозим, – гўён ба хона даромада, аз сари мех камзўлашро чанг зада гирифту ба:
– Қафо гард, духтарам, зинҳор нарав, раҳаш дур, хавфнок... – гуфтанҳои модараш эътибор надода, чуст онро пўшид ва ҳамон гуна дар шитоб аз дарвоза берун шуд; тез-тез қадам монда, ба канори деҳа расид.
Каме дуртар аз қади раҳ, дар сари як баландӣ Ато менишаст. Аз бағалаш мили тираи камон метофт.
Таманно худро ба чашми ў нанамуда, ду-се дақиқа дар пеши девори вайронае фикр карда истод.
Аз назари Ато пинҳон чӣ тавр ба дара нишеб шавад? Бояд илоҷе ёфт, ки вай набинад; ҳаргиз набинад. Дар акси ҳол мемураду ўро аз деҳа берун рафтан намемонад.
Билохир ба як қарор омада, Таманно қафо гашт. Ва то интиҳои тангкўча тохта, ба пушти девори сангин гузашт; аз миёни боғи калон гузашт. Сипас ёнаеро чап дода, аз байни чакалакҳои паст-пасти ҳанўз ҷавон ва сабзаҳои бороншуста, ки то банди пояш мерасиданд, ҳамчунон саросема поин рафта, худро дар як обканд гирифт.
Гоҳ-гоҳ ба сангу харпуштаҳои дар таки алаф пинҳон пешпо хўрда, вай хеле марҳила тай зад. Ва ягон даҳ дақиқа пас аз паҳлуи тали на чандон бузург, ки дар қафои он тали дигар воқеъ буд, ба эҳтиёт гузашта, аввал шав-шуви обро шунид ва баъд чашмаш нохост ба пайкари марде афтид, ки дар тан ҷомаи алача, дар фарози ҳамон тали дуюм рў ба ҷиҳати дара менишаст.
Таманно ўро аз пушташ дид ва яқин кард, ки Халил аст.
Халили бадсигол, дарундор, маккор; Халили аз рўи гапи одамон ва имрўза ҳарзаи худаш... ба Анвар, умуман ба зоти Шермалик душман...
Дар хаёли мабодо бинад, вай тарсида, дилаш беҳузур, каме ларзид. Сипас ҷонсарак қафо гашт. Ва боз ба обканд даромада, қариб тозон сад қадам барин боло рафту аз ҷои дигар баромада, ба рўдаки деҳа наздик шуд, ки он аз қуллаҳои кўҳи Ҳафтсар оғоз ёфта, ҳоло дар шўру афғон ба сўи дараи Оҳугузар ҷорӣ мегардид; обаш тез ва қадре лой буд.

пешина
аз 551
навбатӣ