Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Таманно гирду атрофро ҳаросон аз назар гузаронда, кафшашро зуд аз пой кашид ва онро ба ҳар ду дасташ гирифта, оҳиста ба рўд даромад.
Об ғулғула бардоштаву печида, башаст меомад; сангҳои маҷро лағжонак буданд. Таманно аз зону баланд тар шуда, ҳамон тавр оҳиста-оҳиста то нисфи рўд рафту ногаҳон сахт ғежид ва бо вуҷуди ҷандала мувозинаташро гум карда, якпаҳлу афтид. Кафшҳо аз дасташ хато хўрданд. Рўймолашро, ки низ аз сараш канда шуда буд, базўр қапида, вай фавран ба по хест ва ҳама либосаш тар, калавида-калавида, оқибат аз рўд гузашт. Дар лаби он даме истода, куртаву камзўл ва пойҷомаашро аз ҳар ҷо-ҳар ҷо дошта, рост дар танаш ҷафид. Қарсашро ҳам ҷафида, ду-се бор афшонд; оби гесувонашро низ фишурд.
«Ҳеҷ гап не, раҳораҳ хушк мешавам», – гуфт ў ба худ ва рўймолро ба сар кашида, пас аз чанд дақиқа як ёнаи сералафро қафо партофту аз баландӣ нишеб шуда, дар ҳолате ки аз бими Халил ба чор тараф назари эҳтиёт медавонд, боз муддате қадам зад.
Рўдаки тезоб дар пушти баландӣ монд; вай рафта-рафта, аз назди Халил мегузарад ва баъд қад-қади раҳ тақрибан ним фарсах ё зиёдтар ҷорӣ гардида, дар саргаҳи дара ба Кофрун мепайвандад; дарё мешавад!
Ба Таманно лозим аст, ки онро дур аз чашми Халил боз як маротиба убур кунад. Ва мекунад; ҳар қадар азоб бошад ҳам, вай то бегоҳ ҳатман ба Дизак расида, Шокири раиси ҷамоатро ёфта, ҳама буду шудро баён медорад. Ба Анвараш зиён нарасад, бас! Ба акаи Юнусу он муаллимбача низ...
Таманно гоҳ аз рўи сабзаву гоҳи дигар дар замини санглох чолок раҳ мепаймуд. Агарчи осмон аз абрҳо қариб орӣ гардида, офтоби гашти рўз алоқадри ҳол нурпошӣ мекард, ў кам-кам хунук мехўрд. Албатта... сарулибосаш тар, бар замми ин кафшҳояш ба об рафтанд. Фурсате қабл як ангушти пояш ба санг зада, хуншор шуд.
Аммо боке не – вай ба Дизак меравад, модом ки меравам гуфт, пас бе чуну чаро меравад. Лозим ояд, аз он ҳам дуртар меравад.

пешина
аз 551
навбатӣ