Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Фақат барои «ман намеравам, ман ҷаллод не, деҳқони хокпошам. Ғайр аз ин, бародарҳо, хуни ноҳак рехтан убол аст» гуфтани инсон…
Таманно дарди пояшро қариб фаромўш карда, дар гўшаш шав-шуви рўдаки беқарор, аз роҳи танге ки дар як бари он талҳои сабз ва баъзан шахҳои сангини ҷо-ҷо баарча саф кашида буданд, ҳамчунон оҷил қадам партофта, шояд ҳоло ҳазорум маротиба чӣ навъ сурат гирифтани марги падарашро пеши назар меовард.
...Аввал дарвозаи ҳавлӣ тарақосзанон кушода шуда, аз айвон шарфаи гурс-гурс пой мондан омад. Баъд дари хонаро вазнин кўфтанд.
Таманно, ки бедор буд, тарсид.
Падару модараш ҳам «чӣ гап?» – гўён аз болин ҳайрон сар бардоштанд.
Дарро боз, ин дафъа сахттар кўфтанд.
– Кист? – пурсид дар торикӣ падари Таманно.
Ва ҷавобан як овози ғафс ба самъ расид:
– Одамони худӣ... Берун баро, гап ҳаст.
Падар пеши ҷогаҳро палмосида, ҷомаашро ёфту онро ба китф андохта, осема дарро кушод. Хона андак равшан гардид ва Таманно дар айвон суроби ду марди ришдорро дид.
Онҳо ба падараш чизе гуфтанду дар ғиҷирос зада, ҳамоно пўшида шуд.
Баъд як ғибир-ғибири нохуш омад; фурсате нагузашта, садои қадаммонӣ баланд гардид. Онҳо эҳтимол ба рўи ҳавлӣ мефуромаданд.
Таманно ба ҳар хел гумонҳои бад рафта, пас аз чор-панҷ дақиқа аз бистар хесту дарро кушода, ҳамроҳи модараш, ки низ ҳоло рост меистод, ба берун нигарист. Моҳи нав дар сафҳаи осмони ҷо-ҷояш абролуд дами досро монда, аз байни ситораҳои кабудтоб ва парешон ба сари замини ғарқи хоб нури хира мерехт.
Дар дили нооромаш як даста оташ, Таманно гўш ба қимор шуд. Акнун воқиан ҳам он ду мард ва падараш дуртар аз суфаи айвон, дар саҳни ҳавлӣ истода, паст-паст гап мезаданд. Мили камони дар китфи бегонаҳо овезон аз шуои маҳтоб сард ва тарсовар ҷило медод.

пешина
аз 551
навбатӣ