Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар нимторикӣ қиёфаи онҳоро баръало дидан душвор буд. Саллаву ҷома доштанд, қаторвазна доштанд, қадбаланд буданд...
«Босмачиҳо!» – аз ғояти ҳарос дилаш қариб рафта, гуфт ба худ Таманно.
Ва ҳамон дам яке аз он ду мард овозашро чандон баланд накарда, ба таҳдид пурсид:
– Яъне ту розӣ нестӣ?
– Гуфтам-ку: аз дастам намеояд...
– Маълум, ки дуруст хулоса набаровардаӣ.
– Ман ҷаллод не, деҳқони хокпошам. Ғайр аз ин, бародарҳо, хуни ноҳак рехтан убол аст.
– Мо дар вақташ ба ту фаҳмонда будем, ки агар бори сеюм ҳам розӣ нашавӣ, ба ҳеҷ ваҷҳ аз мо не, балки аз худат гила кун. Дар ёдат ҳаст? – гуфт дуюмӣ.
– Ёд дорам, лекин, охир... – забон хоид падар.
Ва онҳо худи ҳамон лаҳза ўро тела дода, ба сўи ягона дарахти чормағз бурданд, ки дар поинтари ҳавлӣ воқеъ буд.
Таманно инро дида:
– Нарасед! Додо, додоҷон... – гўён аз дар берун тохт.
Аз пушти вай модараш низ давид.
Яке аз он ду мард тоб хўрда, ба ҷониби овоз рўй овард ва қамчинашро ба ҳаво бардошта:
– Қафо гард, мочахар! – гуфт дарғазаб.
Вале ў ва модараш қафо нагаштанд.
Бинобар ин мард дастонашро ба ду тараф ёзонда, гург барин пеши роҳи онҳоро баст. Дигарӣ сайди худро дар танаи чормағз пахш карда, гулўяшро ба қабзаи тозиён мефишурд.
Таманно чирос зад.
Мард бадтар хашмин шуда, дар як ҷаҳидан ўро ба чанг оварду даҳонашро ба кафи даст маҳкам пўшид.
Модар ба сўи дарахти чормағз тохт. Аммо ба чизе пешпо хўрда, ғафлатан афтид; бархост ва боз тохт.
Таманно, ҳар ду чашм ба ҷониби падар, беист бардорузан карда, мекўшид аз чанголи он даранда раҳо ёбад. Лекин ҳайҳот, ки зўраш намерасид – ҳамагӣ як муштипар аст, охир...
Ниҳоят нафасаш қариб гашта, ба азоб риши ўро дар панҷа гирифт ва сахт кашид.

пешина
аз 551
навбатӣ