Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ин биёбони асрҳо боз сўхта акнун шодоб мешавад, гулистон мешавад. Вай ниҳоят ба мақсадаш расид, дигар ормон надорад. Лекин ҳаво чӣ андоза гарм! Танўр барин замину замонро метафсонад. Дар чунин дўзахи зишт ў палтои чармин пўшидааст, дар пояш мўза. Аҷаб, ки наган ҳам дар тасмааш. Гиребони гимнастёрка гулўяшро фишурда, озод нафас гирифтан намемонад... Бо вуҷуди ин Анвар шод аст; шод аст, ки як биёбони ташналабро ба бозувони худаш обшор мекунад.
Баъд вай нигоҳашро аз вусъати ҳамвории урён ва беохир ғундошта, ба ҷўй менигарад. Обаш лой шудааст. Барои чӣ?
Ё ягон кас аз фарти бахилӣ дар он хок мерезад? Ба саргаҳаш рафта, хабар гирифтан лозим. Ҳамин ҳозир, зудтар… Вале дар осмони лоҷувардӣ ногаҳон раъд гулдурос зада, паёпай оташи барқ медавад. Ва Анвар...
Ў як қад парида, бедор шуд. Воқиан ҳам аз берун садои тундар омада, чароғакаш гоҳ-гоҳ аз роғи дар ба торикии даруни оғил рахна меандохт. Яқин борони сахт меборид, ки донаҳои он, мисли нахўд дар пўсти нақора, тасар-тусур ба фарқи бом бархўрда, хаёли касро медуздиданд.
Анвар пайкари афсурдаашро бардошта, каме қафо лағжиду оҳиста ба девор такя кард. Бўи хасу поруи хушк ва ҳавои ғализ, ки саҳар инҷониб нафасашро мебастанд, боз ҳам ба димоғаш печида, бори чандум аст... дар куҷо будани ўро аз сари нав ба ёдаш оварданд. Дилаш беҳузур шуда:
– Хоб дидаам, – гуфт ба оҳанги таъкид Анвар.
– Чӣ хоб?.. – ҳамоно пурсид Юнус, ки низ такя ба девор дода, аз вай дуртар менишаст.
– Ба як биёбони сўхта ҷўй баровардаам.
– Равон?..
– Бале.
– Обаш соф буд?
– Лаболаб буд, мусаффо буд.
– Хобӣ нағз.
– Лекин баъд... Нохост лой шуд.
– Ҳеҷ гап не, ба ҳар ҳол хоби нағз. Ҷўй – натиҷа аз заҳмати кашидаат. Махсусан ба биёбон ҷўй баровардан… ин яъне кори ниҳоят бафоида кардан.

пешина
аз 551
навбатӣ