МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Сипас бештар ҷаҳд карда, қадамашро тезонд. Пеши пояшро санҷида-санҷида, дар гўшаш фиғони рўди пурталотум, ба эҳтиёт аз пули хароб гузашт. Боз каме масофа паймуд, вале баъд... якбора истод.
Аз рўбарў ду нуқтаи хурд-хурди оташин дар таҳдид ба вай наздик мешуданд. Таманно сахг тарсид ва оҳиста-оҳиста паснокӣ рафта, гўё беҳушу беёд аз роҳ баромада, ба харсанги сарде такя овард. Он ду нуқта рост ба сўяш меомаданд. Ҳамин вақт дар осмон шамшери барқ аз нав ҷило дод.
Ва ў дар равшании он як ҷондори бадҳайбатро дида, дар ҳолате ки аз тазйиқи даҳшат чӣ кор карданро намеденист, беихтиёр пичирос зад:
– Гу-ург!
Сипас хам хўрд ва аз пеши пояш санге наёфта, ба тахмин филҳол кўр шуда, даст ба сарандозаш бурд, ки он ягона тўҳфаи Анвар буд.
Раъд меғурид, барқ меҷаҳид, борон мерехту дарё наъра мекашид; зулмоти шаб беэътибор ҳукм меронд.
Таманно... дар даст рўймоли пахтагини ҳама тар, дар муқобили он ду чашми оташин зору танҳо меистод. «Гург-гурггург...» – метапид дили бечорааш.
Аммо гург, возеҳаш модагург... хурсанд буд. Фалак ба оҳу нолаҳои пурсўзи вай ахир гўш дод. Дар ин ду рўзи дароз, ду рўзи ҷазои қадар... азоби бисёре кашида, болои дард думмал, аз пои чапаш тири сўзон хўрда бошад ҳам, вай акнун шикамашро пур карда, ба пеши се бачаи носерамаш дасти холӣ намеравад. Рўҳи бохабари Ғазаби вафодораш низ безобита намешавад...
Модаргург ба таҳдид ғурид ва ҳама рагу паяшро таранг кашида, чун пайкон ба сари Таманно парид.
16 Аз байни як биёбони тафсону бегиёҳ ҷўи дароз ва пуробе гузашта, дар зери офтоби тобистон нуқравор ҷило медиҳад.
Анвар дар лаби он пойҳояшро кушод монда, дастонаш дар миён, ба охири биёбон менигарад. Аммо вай анҷом надорад; ҷўй ҳам беинтиҳост.
Анвар аз шодӣ дар куртааш нагунҷида, фикр мекунад, ки ў ба умед шабу рўз каланд зада, арақи ҷабин рехта, ҳамин ҷўи калонро танҳо худаш баровард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё