Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Раис, а!
Аз ин сухани ў Юнус чунон ба ғазаб омад, ки чӣ кор карданро надониста, ба пеши пояш мушт кўфт ва дар ҳолате ки дандонаш газ-газ меёзид, ба овози баланд:
– Ту кафтор будаӣ, аз кафтор ҳам бадтар будаӣ! – гўён рафта тахминӣ дар ҷои худ нишаст.
Ҳеҷ аз шасташ нагашта, борон меборид. Дар оғил бўи вазнин рутубату поруи кўҳна ва зулмоти мутлақ ҳукм меронд. Ягон кас ҳарфе намегуфт.
Бад-ин минвол чанд дақиқа гузашт.
Анвар дар ҷояш як ҷунбида, зери лаб ғурунгид:
– Чӣ лозим буд...
– Хомиҳо дорад одамизод, додарам, – гуфт дар ҷавоб Юнус. – Ман ҳам то ҳол хом будаам, хом!
– Шумо бовар кардед, ки вай хун нарехтааст?
– Надида бошам...
– Дурўғ мегўяд лаънатӣ! Дирўз яке аз шарикони ман маҳз ба тири он ноҷинс кушта шуд.
Юнус, сараш хам, хомўш буд.
– Ин гуна одамони бефарқ аз душман ҳам бадтаранд.
Хоҷаашон фармояд, кўдакро дар гаҳвора буғӣ мекунанд.
– Худатро бисёр азоб надеҳ, додар, ҳар кас рафта-рафта аз дилу нияташ меёбад.
Онҳо боз сукут варзиданд. Борони шиддатноки авҷи баҳор дар боми оғил гур-гур ҳамла дошт. Тундар низ гоҳ аз дуру гоҳ аз наздик ба ҷавлон омада, ором намегирифт.
– Ака! – гуфт баъд аз муддате Анвар.
– Гўшам ба ту, – гуфт Юнус.
– Дар ҳакиқат Таманно овард шуморо аз Пойгаҳҷо?
– Чӣ, бовар намекунӣ ба лафзи ман?
– Хафа нашавед... Фақат ҳайронам, ки вай чӣ тавр натарсида, дар зери боду борон ин қадар раҳ паймудааст.
– Барои он ки туро дўст медорад.
– Ҳоло ғам мехўрдагист. Модараш бемор...
– Духтари нағз Таманно. Шумо ба якдигар муносибед.
– Ниятам буд, ки сари тобистон хостгор мефиристам.
Юнус ба ин ҳасрати ў чизе нагуфт.
Анвар ҳам хомўш монд. Вай як муддат ба садои борон гўш дода нишасту хаёлаш боз ба аҳволи худашу язнааш ва Каромати муаллим пайваст.

пешина
аз 551
навбатӣ