Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Фардо кадом пешомад интизор аст онҳоро? Наход илоҷи раҳоӣ набошад?
– Ака!
– Бале, – ҷавоб гардонд Юнус.
– Шумо гуфтед, ки Зариф Барака ба маркази ноҳия меравад...
– Рост, вай бояд таъхир накарда, ба раҳ медаромад.
– Харсавор албатта.
– Асп набуд; надорем асп. Худат медонӣ...
– Гуфтед, ки ба ағба рав?
– Бале.
– Дур аст масофаи ағба.То мерасад, ки камобеш як шабу як рўз мегузарад.
– Дигар чӣ илоҷ?
– Ба дара рафтан лозим буд.
– Ман ба ту фаҳмондам-ку: он каждумони таки бўрё гузари поинро банд кардаанд.
– Халилу Ато?
– Ҳа-а, Халилу Ато... Ранги саги сайд касеро аз деҳа баромадан намемонанд.
– Барои чӣ онҳо ин хел, якбора... ба хизмати Усмон Азиз камар бастаанд?
– Намедонӣ?
– Тахмин мекунам, лекин аниқ намедонам.
– Дар ёд дорӣ – вақте ки калхоз месохтем, Ҳомид чӣ ҳунар нишон дода буд?
– Ёд дорам: ҷанҷол хезонд, ману Каримовро дар пеши мардум беобрў кардан мехост.
– Ато чӣ?
– Вай хомўш буд. Аммо ба калхоз дохил нашуд.
– Чунки ҳар ду як одаманд, то ҳадде бадавлатанд...
– Инашро медонам.
– Агар донӣ, боз дониста мон – ҳар ду не, ҳар се ҳам ба ману ту баринҳо мухолифанд, душмананд...
– Сабаб? – оҳ кашид Анвар. – Гуфтем, ки Ҳомиду Ато соҳиби молу ҳоланд. Лекин Халил чандон доро не.
Юнус низ оҳ кашид. Гўё ба ин гуфтан мехост, ки бачаӣ ту

пешина
аз 551
навбатӣ