Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ё ин майли ў аз тақозои раҳму шафқат буд? Аз дари мурувват буд?
Вай дастонашро беихтиёр мушт карда, оҳиста ба сари ҳар ду зону зад. Беҳуда... Аз ҳар чӣ бошад, ботил, зоеъ, ҳамааш беҳуда! Ба хусус, ки ҳоло сирф намедонад – фардо ва ҳатто имрўз аҳволи худаш чӣ мешавад. Ба дидори зану фарзандонаш мерасад ё не...
Усмон Азиз, чунон ки нафасаш тангӣ мекарда бошад, оби даҳонашро базўр фурў бурда, ба сиёҳмушкин нигарист. Аспи ҷавон, зебо ва тезтаки вай, ҷонаш дар баданаш нагунҷида, гоҳо беда хояд, гоҳи дигар сар афрохта, гўшҳои хурд-хурди ҳассосаш сих, бетоқат пой мекўфт.
– Хумори раҳ гирифтааст туро, – аз сиёҳмушкин чашм наканда, гуфт ў зери лаб. – Меравем, ҳамин замон меравем...
Пас нигоҳи Усмон Азиз ба рўи Халил кўчид. Вай дар саҳни ҳавлӣ ҳамон рост истода, хаёлманд ба пеши пояш назар медўхт. Муғиёниаш кўҳна ва ҷо-ҷо дарида буд. Гарданаш саҳле каҷ... Чӣ андеша мекунад? Анварро ҳатто зўран ба кўи ғарибӣ бурда намешаваду ин махлуқи дар чиллааш чароғ надида талабгори аз дарё гузаштан... Охир, чаро, ба чӣ сабаб? Ў аз Анвар чӣ фарқ дорад? Ҳар ду ҳам гўё камбағаланд, ба сахтиҳо калон шудаанд. Не-е, вай камбизоат не; ҳарис вай – шабушкашро кушта, хунашро лесида мегардад...
Лекин муҷиб чист, ки дар дили яке меҳри ватан ҷўш мезанаду дигаре ба ихтиёри худ зодгоҳашро тарк карданист? Беақл набошад... Маълум, ки туфангро ҳам баргардондан намехоҳад; кана барин часпидааст ба он.
Қурбону Ғуломҳусайн омаданд.
– Аспҳоро зин зан, – гуфт Усмон Азиз ба хизматгораш.
Баъде ки Қурбон дар итоат ба самти собот рафт, вай ба сар то пои Ғуломҳусайн чашм давонд.
– Бишин...
Ў дар лаби суфа ҷой гирифта, суоломез ба калон нигоҳ кард. Аммо Усмон Азиз сукут меварзид, ба илова хеле ғамгин менамуд. Ба вай чӣ шудааст? Дирўз ин хел набуд. Ҳоло тамоман афтодарўҳ метобад, уқоби паршикаста барин...
– Мо чӣ шарт доштем? – ба сухан омад Усмон Азиз.
– Ка-адом ша-арт? – нафаҳмид Ғуломҳусайн.

пешина
аз 551
навбатӣ