Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Ман ба ту чӣ ваъда карда будам?
– Ҳа-ааа, – гуфт ў, чашмони лағжонаш аз хурсандӣ барқ зада. – Пу-ул... Са-ад сўми тил-лоо...
– Агар аз гапам набароӣ, рўзе ки ба манзил мерасем, дусад сўми тилло мегирӣ. Ин кам не, кордат дар болои равған мешавад, бурутатро табар намебурад.
– Ко-ошкӣ, – гуфт Ғуломҳусайн ва аз ғояти шодиву асари ҳаяҷон тохта ба по хест.
– Он ресмонҳоро мебинӣ? – пурсид Усмон Азиз, ба чор тути қатори балхӣ ишора карда.
– Бале, – ҷавоб гардонд зархариди пешоварӣ, ки акнун, гўё нохост, се арғамчини дар се шохи дарахт чун мор овезонро дида, чашмонаш пир-пир мепариданд.
– Пас ту розӣ? – пурсид Усмон Азиз, хоҳишашро ошкоро, ба сухан баён накарда.
Ғуломҳусайн, ки мақсади ўро зуд фаҳмида буд, як дам хомўш монд.
– Розӣ ҳастӣ ё не? – такроран пурсид хоҷааш.
Аммо вай хаёлолуд ба дуриҳо нигариста, ҷавобе надод.
– Маълум, ки розӣ нестӣ, – гуфт ба оҳанги дареғ Усмон Азиз ва оҳиста бархост.
– Ма-ан ро-озӣ...
Усмон Азиз гашта дар ҷои худ нишаст. Ғуломҳусайн беихтиёр фикр кард, ки ба лабони дар қатъият ба ҳам фишурдаи ў ифодаи як тамасхур, балки айни муғамбирӣ омехта ба табассуми сард соя андохт.
– Хуб, ҳоло аз корат намон, – гуфт хоҷааш.
Ва Ғуломҳусайн, каллаи дегча барин калонаш хам, аз паи Қурбон ба ҷониби собот рафт.
Аз гиребони машриқ қурси лолагуни офтоб сар берун оварда, деҳаро пур аз нурҳои зарҳалӣ кард. Ранги дар ин субҳгоҳон андак тираи сабзаву барги дарахтони саҳни ҳавлӣ равшан ва дилчасптар шуд. Осмони болои деҳа низ аз будаш кабудтар тофта, ҳоло гўё механдид; ба пешвози офтоби дурахшон шодмонӣ мекард.
Ба сандуқи синаи Усмон Азиз ҳам, ки тамоми вуҷудаш аз тазйиқи кадом ранҷи дардовар месўхту месўхт, равшанӣ раҳ ёфт. Вай аз ҷой хеста, чунон ки дар рашши нурҳои абрешимвор нарми он сипари заррин дастурўй мешуста бошад, дуру дароз ба уфуқ назар дўхт.

пешина
аз 551
навбатӣ