МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Зебо ва ҳаяҷонбахш буд тулўи офтоби ватан, оғози рўзи баҳорони меҳан...
– Ассалому алайкум, тақсир!
Ў аз ин овози ногаҳон қариб як қад парида, ба қафо тоб хўрд ва гўё дигар гап наёфта, дар ҳолате ки чашмонаш эҳтимол аз таъсири офтоб нам мегирифтанд:
– Омадед? – гуфт ба мулло Салим.
– Омадем, ана... – ҷавоб дод вай, ба тасбеҳи саддона, ки аз байни ангуштони хушк ва печонаш овезон буд, ба Ҳомид ишора намуда.
– Хуб кардед, ман раҳи шуморо мепоидам.
– Мо ба хизмат тайёр, – гуфт Ҳомид, ки даст ба сари сина гузошта, аз ў андак дуртар меистод.
– Ман бояд ҳар чи зудтар саворӣ шавам, – ба замин нигариста, гуфт баъд аз фасле сукут Усмон Азиз.
– Медонам, – ба оҳанги ҳасрат овоз баровард Ҳомид.
– Ҳайфо! – риши зардчатоби дарозашро ларзонда, тасбеҳ гардонд мулло Салим.
Ин дам Халил ба онҳо наздик омада, гўш ба қимор шуд.
– Имом! – гуфт Усмон Азиз.
– Лаббай, тақсирам.
– Ба он раиси беэзору муаллимбачаи худобезор ва боз...
ба Анвари раҳгумзадаи Шермалик чӣ кор кунем?
– Дина гуфтем-ку: ҳаққи ҳар сеяш ҳам куштан.
– Фикри шумо чӣ бошад? – ба Ҳомид муроҷиат намуд Усмон Азиз.
– Фикри ман? – пойҳояшро монугир карда, гаранг забон хоид ў. – Фикри ман… ихтиёр ба худатон.
– Шаб ҳукми дигар бароварда будед...
– Раҳми кас меояд. Ба ҳар ҳол фарзанди мардуми мусулмонанд, – гуфт Ҳомид ва назараш ба ресмонҳои дар шохи тут овезон афтида, дам ба дарун зад.
– Мусулмон, фарзанди мардуми мусулмон, – сухани ўро дуранг такрор кард Усмон Азиз. – Лекин... гаҳвораашон аз осмон омада бошад ҳам, ман мехоҳам, ки онҳо мувофиқи гуноҳи худ ҷазо гиранд. Аз рўи шариат...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо