Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Ихтиёр доред, тақсир, – гуфт базўр Ҳомид, чашмонашро аз теғи нигоҳи вай гурезонда.
Баъд Усмон Азиз ба Халил назар андохт.
– Фикри ту чӣ?
– Бе ҳеҷ мулоҳиза ба дор кашидан лозим он лаънатиҳоро! – гуфт ў фарфар ва камони дар дасташ бударо маҳкамтар қапида, ҷои холии як дандони пешашро намоиш дода, хунук табассум кард.
Ҳомид ин гапи Халилро шунида, аз ҳайрат аввал даҳонаш каме воз шуд. Пас тири нигоҳашро ба сўи вай андохта, киноя зад:
– Гурбаи мискин агар пар доштӣ, тухми гунҷишк аз замин бардоштӣ. Беҳуда намегуфтаанд...
– Ту мўл аз ҳаддат нагузар, – якбора шўрида, сухани ўро бурид Халил.
– Ақидаи ман ҳам – одам ҳаддашро шиносад, хуб аст.
– Ман ҳадношинос! Лекин...
– Чӣ лекин?
– Лекинаш – бо вуҷуди ҳадношиносӣ мисли ту тарсуи Бобул... иғвогар нестам.
Ҳамин вақт ба ду писари калонаш Ороста омад. Аз қафои онҳо Ато ва боз се нафар деҳқони дигар пайдо шуданд. Аз ин рў гапгузаронии Ҳомиду Халил худ аз худ қатъ гардид.
– Ту барои чӣ омадӣ? – овозаш нарм, пурсид Усмон Азиз, ба хоҳараш рўй оварда.
– Шуморо бинем гуфта... – Ороста, чеҳрааш бадтар ғамандуд, давоми суханашро чун заҳр фурў бурд.
– Ту рав, хоҳарам, рав! Бачаҳоятро ҳам бар. Шаб бафурсат гапамонро гуфта… шунида будем; хайрухуш карда будем. Рав, ба ту озоре намерасад. Дар ин ҷо ҳар чӣ шавад, ба гуноҳи ман мешавад. Ту рав... Раву зинҳор ғам нахўр. Иншооллоҳ, дидори якдигарро боз мебинем.
Ороста гирист, писаронаш низ оби дида рехтанд.
– Рав! – фармуд Усмон Азиз, ин дафъа сахт карда. Сипас ба бачаҳо нигарист. – Шумо ҳам равед. Чанд бор гўям?!
Онҳо дилкашол аз ҳавлӣ берун шуданд.
Ва ў ба Қурбону Ғуломҳусайн чашм партофта, чунон ки ба замин туф мекарда бошад, дар як беэътиноӣ ва нафрати

пешина
аз 551
навбатӣ