МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
ошкоро:
– Биёред! – гуфт. – Дастони макрўҳашонро ба пушт баста, зада-зада биёред!
Ҳангоме ҳар ду пасопеш ба сўи дарвозахона рафтанд, Усмон Азиз ба он се нафар деҳқон, ки дар гирди Ато меистоданд, хашмин наздик шуд.
– Ба шумо чӣ даркор?
– Аввал салом, бой... – гуфт яке.
– Бе саломи шумо ҳам рўзам мегузарад. Зудтар гап занед: дар ин ҷо чӣ гум кардед?
– Мо омадем, ки... – гуфт дигаре ва ба нигоҳи чун дами ханҷар тези Усмон Азиз тоб оварда натавониста, ҳамоно хомўш гардид.
– Ба онҳо раҳм кун, марди худо, – гуфт сеюмӣ, ки ба риши кулўтааш сафедӣ дамида, дар байни шариконаш аз ҳама калонсол менамуд.
– Ту Комрон нестӣ? – пурсид Усмон Азиз.
– Дуруст, ман Комрон, – озод ҷавоб гардонд ў.
– Ҳамон Комрони ба пуштораи ҳезумаш аз кўҳ ғелида, ҷонашро қариб ба ҷаббор супурда?
– Худи худаш.
– Ҳамон Комрони баъди аз кўҳ ғелидан ақли шарифаш қариб коҳида?
– Бале.
– Пас ба ман кор ёд надода, дар раҳат раву аз комрониат намон. Вагарна сахт пушаймон мешавӣ.
– Лутфат ба ман хуш омад, марди майдон, – гуфт он деҳқон ба як тамкини фитрӣ. – Аммо зиндагӣ бе раҳму шафқат, бе олиҷанобиву банданавозӣ барин хислатҳои неки инсонӣ ҳеҷ маънӣ надорад.
– Аҷаб... Раҳму шафқат мегўӣ?! Олиҷанобиву банданавозӣ мегўӣ?! – ногаҳон ба сари ў дод зад Усмон Азиз. – Магар онҳо ба ман раҳм карданд? Ё заррае бошад ҳам, мардонагӣ ба кор бурданд? Додари маро кӣ кушт? Хонаву дари маро кӣ ин тариқ ба зери по гирифт? Язнаи маро кӣ ба Сибир фиристод? Ниҳоят худи маро кӣ ба марзи ғурбат андохт? Гап зан – кӣ? Сукут мекунӣ, а? Ҷавоб гардондан намехоҳӣ, а? Ё умуман наметавонӣ, а? Ана ҳамин тавр!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо