МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
– Кошкӣ ба гуфтат мешуд...
– Мешавад, ҳамааш айни муддао мешавад. – Вай Хадичаро тасаллӣ медоду фикр мекард, ки худаш чӣ – баъзан...
дилаш вайрон, аз барои Наврўз ба танг намеояд магар? Инку зан, модар... – Хайр, ман акнун равам. Гап ҳамин: ҳушёр бош, баъди Тоҳир об аз они ту. Даррав баста гир...
2 Хадича дастони лоғарашро ба сари зонувон гузошта, дар канори суфа менишаст. Ва ба худ мегуфт, ки хеста ҳавлиро рўфтан лозим, рафта аз ҳавзи гузар об овардан даркор; хона то ҳол нағундошта, ба мурғҳо дон надодаам; боз ният доштам, ки дег мемонам – ҳама сарулибоси Наврўзҷонро нағзакак шустан лозим...
Аҷаб ҳолате дошт ў. Ин гапҳоро ба гуфтан мегуфту бархоста наметавонист. Сараш вазнинӣ мекард. Чунон ки аъзои баданаш шах шуда бошанд, наҷунбида ва ҳатто мижа назада, ба боғи дар ин моҳи асад обталаб менигарист. Вале дар вусъати сабзи току дарахтон ғайр аз симои гарми Наврўз дигар чизеро намедид; ғайр аз овози ширадори ў дигар садоеро намешунид.
Рўзе ки писараш ба фалокат гирифтор шуд...
Чӣ наҳс будааст он вақту соат!
Қариби офтобшинам Хадича корашро ғундошта – вай аз чанд газ пойандози арзон, ки аввали баҳор писараш оварда буд, гилем медўхт, – ҳамин замон Наврўзҷон меояд гуфта, ба сари оташдон рафт, ки зудтар аз дег хабар гирад. Табъаш равшан буд. Ният дошт, ки ба далели «пагоҳ-фардо гуфтан бас будагист, писарам, кори хайрро қафо намепартоянд...»
ин бегоҳ писарашро албатта ба гап медарорад. Баъд ду-се зани хушзабонро пеш андохта, ба духтари Саидмўъмин хостгорӣ мекунад. Умраш дароз шавад, Маҳбону пошикастаи арзанда, даҳ дасташ ҳунар, ҳуснаш ҳам ҳеҷ камӣ надорад. Лекин Саидмўъмин... Вай барин одами гарданшах, вай барин калондимоғ ками дар кам аст. Як не гўяд, кор расво мешавад... Наход не гўяд? Писари Хадича аз кӣ кам! Ҳаргиз, ҳоло замона дигар... Худо хоҳад, ў ҳатман ба орзуяш мерасад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо