Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Чаро ки дили Маҳбону ба Наврўз моил – вай, Хадича, инро нек медонад. Дар ҳар сурат сарриштаи масъала дар дасти духтар. Маҳбону ки розӣ шуд, Саидмўъмин ҳам маҷбур гардан мефурорад.
Хадича дар ҳамин андеша тез-тез картошка тоза мекард, ки Райҳон, духтари мактабхони усто Қамчин, тохта ба ҳавлӣ даромад.
– Наврўз-ака ба мошинашон... – гуфт вай ҷонсарак ва фавран хомўш монд; чашмони маъсумаш ҳаросон буданд.
Дар даст ҷувздон, сахт-сахт нафас мекашид – маълум, ки хеле давидааст.
Хадича аввал гапи Райҳонро дуруст нафаҳмид, аммо пас ранги ўро дида, дилаш душманӣ кард; ҳатто гаранг шуд.
– Чӣ гап? Чӣ воқиа рўй дод? – Дар як даст картошкаву дар дасти дигараш корд, вай базўр аз ҷой хест. – Ба Наврўз чӣ шуд? – Гўё аз ҳуш мерафта бошад, ба сар то пояш ларза давид. – Гап зан, охир...
– Ман аз мактаб меомадам, – дар ҳолате ки нафасаш ҳамчунон ноҳамвор буд, Райҳон боз ба гап даромад. – Бинам, дар пеши магазин одам мўл, ғалоғула... Як мошин ҳам истодааст, вай мошини Наврўз-ака буд...
– Ҷонам баромад-ку! Тезтар гап занӣ, намешавад?! Наврўз куҷо мерафт?
– Ҳамон ҷо буданд, – гирист Райҳон. – Карим-бабо дар таки мошинашон мондааст…
Корду картошка аз дасти ў баробар ҷудо шуда, ба лаган бархўрданд.
– Як одам аз гиребони Наврўз-ака гирифта...
Давоми гапи Райҳон ба гўши Хадича надаромад.
– Наврўзҷон! Писаракам! – гўён вай рў ба кўча тохт.
...Ногаҳон аз ҳавлии Акрами муаллим овози додари ў Холназар баромад – онҳо, бародарон, дар як ҳавлӣ мезистанд – ва Хадича аз ин нидои бисёр дағали омирона як қад парида, зуд ба худ омад. Сурати Наврўз аз пеши назараш ғайб зад. Ба гўшаш аз катаки назди зардолуи пир, ки мевааш кайҳо тамом шуда буд, қут-қути мурғони яқин гурусна ва аз кўча маоси шикваомези гавони пода расид, ки дил ба бачаҳои дар ҳавлиҳо танҳомондаи худ кашол, ноилоҷ ба чарогоҳ мерафтанд.

пешина
аз 551
навбатӣ