МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
– Ёд дорӣ... – гуфт ахир Хадича, ки ҳанўз аз девор чашм намеканд, – солҳое раҳматӣ модарам зинда буданд, ман дар ҳамин кўча ба ҳар гуна бозии шумо мечаспидам. Чиликзанӣ, сангчаандозӣ, буҷулбозӣ...
– Ёд дорам, кўдак будем... Ман зуд-зуд ба ту бой медодам.
– Рост, бача будем. Айёми дилнавози кас тез мегузаштааст, хобу хаёл барин.
– Хобу хаёл... – ҳарфи ўро андешаманд ба забон овард Қамчин. – Ман дар ҷанг кўдакиамро чунон пазмон мешудам, ки баъзе шабҳо ҳатто дар хобам медаромад.
– Бодбарак ҳам сар медодем… – оҳ кашид Хадича.
– Чой гир, – гуфт Қамчин, ба вай пиёла дароз карда.
– Худат хўр… Дилам намебардорад.
– Ту барои чӣ ин хел…
– Чӣ хел?
– Як вақт парешон, ғамгин… Як вақт баръакс…
– Намедонам.
Хадича боз ба сукут рафт. Нолаи чирчиракҳо, ки аввал паст ва аҳён-аҳён ба самъ мерасид, ҳоло торафт баланд шуда, ба хомўшии шаб рахна мезад. Қамчин дигар чизе нагуфта, ором чой менўшид ва андак дар ҳайрат аз дил мегузаронд:
имрўз-ку Хадича, ҳангоме дар боғи калхоз ҷўй меканданд, хурсанд буд, шўхиҳо мекард. Пас чаро акнун ошуфта метобад? Сабаб чист, ки гоҳо ба ғафлат гирифтори ҳамин тартиб як вазъи ноҷўр мешавад? Ва ниҳоят, аз барои чӣ баъзан рост ба чашмони ў чашм медўзад? Такдор назар меандозад, баасрор; яқин чизе гуфтан мехоҳаду забонаш намегардад...
Қамчин ба худ чунин суолҳо медод, аммо ҷавоби дуруст ёфта наметавонист.
«Аз паи кор шудан лозим...»
– Барои шўрбо раҳмат, Хадича, – гуфт вай, пиёлаву чойҷўшро аз пеши худ дуртар гузошта. – Бамаза буд. Хеле…
Хадича лаҳзае ба рўи Қамчин нигоҳ карда, банохост шукуфт, гунаҳояш тафсид.
– Кўр будаӣ ту, кўр!
Ў инро ба чунон лутфу лабханди ширин гуфт, ки саропои Қамчинро ҳамоно як гармии шадид фаро гирифт.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо