Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Наход ту...
Хадича давоми суханашро фурў бурда, фонусро, ки дар мобайн меистод, зуд хомўш кард ва худро... Ба оғўши Қамчин андохт. Ин кори Хадича то дараҷае ногаҳон буд, ки вай нахуст як лаҳза гаранг шуд – пистонҳои сахту даҳони ташнаи зан аз қафаси синаи фарох ва миёни лабони парсинбастаи Қамчин, ки аъзои баданаш инак чун дар дами оташ месўхт, шафқату муҳаббат меҷустанд.
– Қамчин! Азизам...
– Хадича…
...Баъд аз соате онҳо рўболо хобида, ба вусъатободи баланд менигаристанд. Дар бадали ин дақиқаҳо дунё дар назари Қамчин маҳин гирд гашта, ниҳоят зебо ва моломол аз шодмонӣ менамуд. Ҳатто торикии атроф мулоим ва бисёр дилнишин буд. Кавкабони бешумор дар сатҳи осмон саросар гул мекарданд. Ва дар партави якранги онҳо кулли мавҷудот ба худ ҷилои аҷиби кабудтоб мегирифт. Гўё ситораҳо аз рўзи азал фақат чунин медурахшиданд. Чеҳраи гулнори Хадича, ки бегумон дар банди хаёл буд ва Қамчин нафаси гарми ўро дар бари гарданаш пайваста форам меёфт, низ кабудфом метофт. Ва ин ранги бағоят нафис дар масал сиришти зиндагӣ буд, ниҳоди меҳр буд, суруди муҳаббат буд, ки дили Қамчинро ба ҷўш оварда, нарм мегуфт: «Хушбахтӣ чист?.. Ҷавобаш мушкил? Бале… Шояд тамоман намедонӣ? Хушбахтӣ…
пеш аз ҳама ба қадри ман расидан...»
– Хадича!
– Ҷо-он…
– Дар чӣ андешаӣ?
– Фикр мекунам, ки зан агар бесаробон бошад, тани танҳо бошад, рўзаш сиёҳ...
– Ҳар шаб саҳар дорад.
– Ту мардӣ, ту дарди маро аз куҷо медонӣ…
– Медонам.
– Зани бесоҳиб ҳеҷ аст…
– Муҳиммаш – бисёр ғам нахўр, Хадича, ҳама корҳо хуб мешаванд.
– ...Болои ин безурёт бошад...

пешина
аз 551
навбатӣ