Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Чашмонаш ғарқи ашк, вай боз Қамчинро ба оғўш кашид.
– Гиря накун, дунё ба умед. Ту ҳоло дар кўча намондаӣ...

7 Аз қафо садои суми асп омад. Усто Қамчин баргашта, миробро ҳамчунон савора дид, ки қаноатманд наздик мешуд.
– Ҳа, усто, – хандид вай, – қаламраватон осуда?
– Алҳол осуда... Аз худатон шурсам?
– Мо ҳам бад не, болоҳо беҷанҷол. Писари Ҷаббори такобиро ба ҳисоб нагирем, ягон кас қасдан об надуздид.
– Кадом Ҷаббор?
– Ҷаббори куҷо монам. Як писари рубобнавоз доштааст...
– Ҳа-а, вай ба Маҳмуди мо мехонад. Дар пойтахт... – гуфт усто Қамчин. – Тавба! Ҳайрон будам, ки барои чӣ об як муддат кам шуд... Писари ман ҳоло дар дашти қазоқ, аммо вай дар ин ҷо... медуздад. Замона аҷоиб, мироб...
– Аслан, усто, гуноҳи Саидмўъмин. Агар он муғамбир худашро ба касалӣ зада, хонааш намерафт, шояд бача обдуздӣ намекард.
– Саидмўъмин рафта бошад, Тоҳир дар ҳамон ҷо-ку!
– Тоҳир як бепарво... фақат аз даҳанаву обкандҳо хабар гирифтааст. Хайр, ҳеҷ қисса не... Ман рафтам.
– То куҷо, мироб?
– То идораи калхоз. Камтар кор дорам, буд мекунаму ҳамон дам пас мегардам.
Ба сағрии аспаш сабук тозиёна зада, ў дар шитоб тарафи деҳа рафт.
Усто Қамчин гашташро аз сари нав идома дода, сурати Ҷаббори такобиро, ки як вақтҳо дар кадом меҳмонхона, дар ҳузури одамони зиёд, ба ҷои «куҷо шинам?» беихтиёр «куҷо монам?» – гуфта, оқибат Ҷаббори куҷо монам шудааст, пеши назар меовард. Ва фикр мекард вай, Қамчин, бисту панҷ сол муқаддам ба нафаси хунуки ҳамин Ҷаббор усто Гулдаст лақаб гирифта буд.
...Рўзе, қарибиҳои офтобшинам, Қамчин дар ҳалқаи дусе бачаи деҳа, ки соате қабл дар кўча хеле бозӣ карда, ҳоло ба ихтиёри худ тавонам-натавонам ба вай ёрӣ мерасонданд, аз сари шавқ хишт мечид, ки ваҷоҳаташ ҷиддӣ, нохост Ҷаббори куҷо монам пайдо шуд.

пешина
аз 551
навбатӣ