Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Муборак бошад, Қамчинбек!
– Худо муборак донад, ҷўраҷон!
Қамчин ба ў дар Такоб унс гирифта буд – онҳо, ки ду сол дар як ҷабҳа меҷангидаанд, омада-омада дар ҳамин ҷо шинос шуданд. Ҷаббор ҷавонмарди якмизоҷ, дилсоф ва ҳазлкаш буд, ки аз ин ҷиҳат ба Қамчин бисёр хуш меомад.
– Иморат месозеду мо бехабар.
– Чӣ, тамошо кунед, мардум... ман хона месозам гуфта, ҷор андозам? – хандид Қамчин.
– Ин қадар нею ба ҳар ҳол ёру ҷўраҳо донанд, ҳеҷ ҷои бадӣ надошт. Ман, масалан, то аз модаратон гап нагирам, пай намебурдам, – гуфт Ҷаббор ва ба деворе ки дар рўи таҳкурсӣ қариб як газ боло шуда буд, камтар зеҳн монда, дар таассуф калла ҷунбонд. – Тамоман каҷу килеб-ку?!
– Ҳар чӣ аз дастам меояд… – ғур-ғур кард Қамчин.
– Беҳуда заҳмат кашидед, ҷўра. Ҳайфи хишт, ҳайфи обу гил... Девори оғилро ҳам ин тариқ намебардоранд, – боз калла ҷунбонд ў. – Қоил ман! Аз имрўз эътиборан шуморо усто Қамчини гулдаст гўем, айни инсоф мешавад. – Сипас ба ҷониби бачаҳо, ки ҳайрон ба вай чашм медўхтанд, ҳалим рўй оварду: – Ба шумо ҷавоб, – гуфт. – Ба ин одами гулдаст ман худам ёрӣ мерасонам.
– Гулдасташ чӣ, амак? – пурсид яке аз онҳо, радаи дандонҳои биринҷвор майдаашро намоиш дода.
Қамчину Ҷаббори куҷо монам ба завқ хандиданд. Бачаҳо низ ба даҳони онҳо нигариста, гур-гур механдиданд.
– Хайр, кифоя, равед. Гуфтам-ку: ба шумо ҷавоб!
Баъде ки бачаҳо дар кўча парешон гардиданд, Ҷаббор дасту остин барзада, хитоб кард:
– Меканем!
– Чиро меканем? – дар тааҷҷуб омад Қамчин.
– Ҳамин деворатонро, – ҷавоб гардонд ў ва боз: – Ин хел хона сохтан айб, – гуфта, дар баҳсу талош Қамчинро ба раъйи худ гардонд.
Онҳо то нисфи шаб деворро, ки дар воқеъ каҷ буд, битамом канда, хишташро аз гил тоза карданд.
Сипас Ҷаббор:

пешина
аз 551
навбатӣ