МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
УМРИ ДАРОЗИ АРЧА
Ҳикояҳо
ПАДАР
Барфи реза қариб ду шабу ду рўз шиддат карда, ин саҳар якбора аз дамаш гашта буд. Ва ҳоло, чоштгоҳ, агарчи офтоб аз пушти абрҳои сафед хира-хира рух менамуд, ҳаво бадтар хунук шуда, устухони пирамардро мекоҳонд.
«Ин сармо... ҳа нагўед, санга мекафонаду вай маҳмаддоно надонам ба кӣ ситеза карда, ҷонаша дар азоб мемонад.
Аслан ба номаш фарзанд гап фаҳмондан осон не. Махсусан имрўз, ки ҳамааш хондагӣ, қонундон, аз чор тарафи дунё бохабар. Ба ивази як даҳан насиҳат... сад даҳан талху тунд мешунавӣ. Эҳа-аа! Се моҳ инҷониб идора ба идора даводаву арзу дод карда, ду ҷувол ангишту як дарза ҳезум рўёнда наметавонад... Боз мудири китобхона будааст!»
Дар даст ду сатил ангишту зери каш чанд параха пешдаргирон, пирамард кўчаро сарнишеб шуда, оҳиста-оҳиста назди духтараш мерафт. Ў дар тан ҷомаи рангпаридаи сатини сиёҳ ва дар пой мўзаи намадини бакалўш дошт; миёнашро ба фўта маҳкам баста буд. Боди сард фаши саллаву бари ҷомаашро алвонҷ медод; ба риши сафедаш панҷа зада, гўшу биниашро занбўр барин мегазид.
«Ҳа-а, зимистон сахт омад, аҷали моли реза шуд...»
Ҳар чизе ки ин дам ба назари пирамард мерасид – ҳам кўчаи хилвати деҳа, ҳам боми хонаҳои ду бари он, ҳам сари девори ҳавлиҳо, ҳам шохи дарахтон, – ҳама сап-сафед буданд. Вай чашмони камнурашро, ки аз муҳити пурҷилои барф об мегирифтанд, нимпўш карда, ба эҳтиёт мерафт. Қадамҳояш ноустувор ва қомати баландаш хамхўрда буд. Ба ў нигариста, кас гумон мебурд, ки синнаш аз ҳаштод кам нест. Дар асл пирамард на ҳаштод сол дошт, на ҳафтод... Ва ба гуфти худаш, агар нўҳ моҳу нўҳ рўзи дар шиками модар буданашро аз ҳисоб берун напартоянд, акнун ба шасту се қадам мегузошт. Вале чӣ илоҷ, ки тарбоди сабил ўро бемаҳал пир кардааст.
«...Ҳамин мўза ҳузури ҷон шуд. Ин зимистон дарди поям ранги порсола не; тоб овардан мумкин – хеле сар дод ахир!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо