Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Соҳиби он боғи шамолрав марде буд гандумгун, қадбаланд, бақувват. Аз аҳволи ниҳолон пайваста хабар мегирифт; сари вақт об мемонд, ба меҳр хок медод...
Ана, аз болои мани бадбахт боз мошин гузашт. Ҷисмамро ба асфалт совида, як барги серобамро нақши замин карда, ба суръати баланд гузашт. Ҳоло фиғонамро бароварда, даҳум... ё садумаш мегузарад. Боз ва боз. Ҳисоб надоранд ин махлуқони оҳантан! Яке ниҳоят вазнин, дигаре сабуктар.
Яке бисёр калон, дигаре майдатар... Атрофро пур аз бўи ғализ карда, мегузаранду мегузаранд.
Ва қариб ҳар бор мани бепаноҳро озор дода, аз ҷоям беҷо гардонда, охирин шираи танаму баргҳои сабзамро ба асфалти сиёҳ молида, даршасту бепарво мегузаранд!
...Заҳматкаш буд марди бақуввати гандумгун ва қадбаланд. Модарам дар қатори худаш барин ниҳолони нозук ҳаёти осуда дошт дар боғи ў. Лекин фурсаташ расиду як рўз он мард…
Модари ман ва чанд ниҳоли дигарро беозор канда, решаҳояшонро ба эҳтиёт латтапеч кард. Сипас онҳоро ба халта андохта, роҳи бозорро пеш гирифт...
Дар сари сутуни оҳанини қади гузаргоҳ боз чароғи сурх фурўзон гардида, мошинҳо таққӣ истоданд. Акнун... бори даҳум ё бистум аст, ки қатор шуда, аз болои ман одамон мегузаранд. Баъзе аз онҳо ҷисми афгори маро ба пойафзорҳои худ пахш мекунанд, ё қадре тела медиҳанд. Одамон – марду зан, хурду бузург – ҳама шитоб доранд.
Ниҳоят ҷои чароғи сурхро лаҳзае зардаш мегирад; фақат як лаҳза. Ва аз нав чароғи сабз фурўзон шуда, ба мошинҳои беқарор ва бадбўй раҳ мекушояд. Ва ман боз дар зери чархи онҳо лат ёфта…
Печутоб мехўрам, менолам!
...Марди гандумгуни қадбаланд дар як канори бозор нишаста, ниҳолонро ба фурўш монд. Модараки ман насиби мўйсафеди пояш маҷрўҳ гардид, ки дар даст асо дошт.
Вай онро аз байни дигар ниҳолон ҷудо карда, решаашро дар рўймоли худ печонд ва пулашро ба мард додаву боз...
«Ҳазор раҳмат, додарам», – гуфта, ба хонааш бурд. Дар миёни як пора замини хокаш нарм, ки дар пушти тирезаи ҳамсояаш воқеъ буд, чуқур кофта, модари маро ба муҳаббат дар он ҷо шинонд.

пешина
аз 551
навбатӣ