Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ва «акнун калон шав, азизам», – гуфта, чеҳрааш аз фараҳ дурахшид.
Ҳамсоя, марди тоссари шикамкалон, ба зану ягона писараки худ аз тиреза ба кори мўйсафед нигариста, «нағз кардед, сара кардед...» – мегуфт. Дар лабони борикаш табассуми сард падидор мегардид ва ҳар замон – маълум набуд, ки дар таассуф ё шодмонӣ – калла меҷунбонд.
Ҳамин тавр модари ман аз деҳа, аз боғи калони шамолрав ба ҷои дигар... ба шаҳр кўчида, дар парастории пирамард рўз то рўз қад меафрохт, нашъу намо мекард.
Баъд дар тани вай ман пайдо шудам.
Ё аз аввал вуҷуд доштам?
Инашро намедонам.
Боз одамон гузашта...
Навбатро ба мошинҳо медиҳанд.
Воҳ, миёнам!
Шикаст миёнакам. Лекин сад шукр, ки ҳанўз ду тақсим нагардидаам. Намурдаам ҳанўз.
...Писараки марди тоссар – ҳамсояи мўйсафед – мактабхон ва бисёр шўх аст.
Вай, писарак...
Пас аз он ки модарам нахустин маротиба ҳосил баста, меваҳояш каме ранг оварда, соҳиби худро хурсанд кард, ба мо – шоху навдаҳо... зуд-зуд даст мезад Азоби ман мўл набуд. Зеро дар пушти хоҳаронам – навдаҳои дигар – дур аз тиреза месабзидам.
Лекин хоҳаронам...
Рўзи сахт доштанд онҳо!
Писарак баъзан чашми мўйсафедро хато карда, паллаи тирезаро мекушоду ба як сими ғафси нўкаш баргашта шохчаеро ба тарафи худ кашида, меваҳои бо вуҷуди андак сурх будан... ҳанўз хоми онро канда-канда, ҳарисона ба даҳон мебурд.
Ва мешуд, ки пирамард вақте асозанон аз пеши модарам мегузашт, сар бардошта, ба мо менигарист.
Ба диққат менигаристу…

пешина
аз 551
навбатӣ