Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Аз ҷониби тирезаи ҳамсоя кам гардидани меваамонро дида, дар ҳайрат китф барҳам мекашид. Аз шоху баргҳои модарам чашм наканда, фурсате ноҷунбон меистод. Ва баъд...
Асо ба даст, оҳиста қадам мепартофт.
Ё ба хонааш медаромад, ё кўча мерафт...
Ҳоламро хароб карданд мошинҳо! Ягонта баргам намонд.
Гоҳо танамро ба асфалт совида, гоҳи дигар нарасида, аммо дар чанги шамоли худ маро ба ҳар сў афканда, чун сел басуръат мегузаранд онҳо. Инак дар зери чархи мошинҳову пойафзори одамон луччак шудам, хору забун гардидам. Ва ана, дар мобайни ин кўчаи калон лоилоҷам...
...Ниҳоят навбати ман ҳам расид.
Писарак ба сими ғафси нўкаш баргашта боз қадре сим илова карда, ин саҳар онро чобук ба гарданам андохту…
Сахт кашид.
Вале ман ба ҷои хамбидан ҳамоно шикастам, ба замин афтидам.
Модарам…
Модаракам «о-оҳ!» – гуфта, такон хўрд, дар худ ларзид.
Сахт ларзид...
Ман дар сояи ў ҳайрон мехобидам. Дастам ба дасташ намерасид. Бечора модарам низ илоҷи хам шуда, ҷисми афгори маро бардоштан надошт.
Хоҳаронам бесадо ва талх мегиристанд.
Пас аз фурсате писарак, дар катфаш китобдон, тохта аз хона баромаду мани музтарро аз пеши пои модаракам чанг зада гирифт ва панҷ дона меваамро раҳораҳ хўрда, худамро дар ин ҷо партофт.
Партофту аз болоям сабук ҷаҳида, ҳуштаккашон ба мактаб рафт...
Боз чархи мошин! Бадтар маҷақ карда, дарди миёнамро афзуд. Аз ҳам ҷудо мешавам, ҷудо!
...Писарак рафту ман дар миёни ин раҳи васеъ тани танҳо мондам.
Офтоб месўзондам, мошинҳо пахшам мекарданд, одамон пешпо мезаданд...
То ҳол дар чунин вазъам.

пешина
аз 551
навбатӣ