МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Офтоб нишасту пои одамон канда намешавад.
Гашти мошинҳо қатъ намегардад.
Шўх аст писараки ҳамсоя. Ба илова бераҳм ва ҳарис аст...
Э вой! Мурдам – аз ҳам ҷудо шудам! Мошини дигаре даршаст аз болоям гузашту маро ду ҳис карда, нисфамро ба канори роҳ афканд. Аз модари меҳрубонам, аз хоҳарони мушфиқам дур афтида, оқибат аз худ низ бегона гардидам.
...Шаб фаро расид. Чароғҳои сари кўча якбора даргирифта, атрофро равшан карданд.
Азоби ман ҳад надорад. Чунон ки буд... аз болоям гоҳ мошин мегузарад, гоҳ одам. Ё калонаш, ё хурдтараш; ё вазнинаш, ё сабуктараш.
Одаму мошин...
Мошину одам!
Ин дам эҳтимол модарам дар пушти тирезаи бинои чорошёна дарун-дарун месўзад. Модарам, модаракам...
Хоҳаронам чӣ?
Боз як мошин гузашта, дар шамоли худ маро аз ҷоям лағжонд. Нағз, ки пахш накард...
Нисфи ман дар он канори раҳ чӣ ҳол дорад? Вай ҳам дар асфалти сиёҳ совиш хўрда, зор-зор менолад? Торафт маҷақ мешавад?
Бале!
Тақдири мо ҳамин будааст.
Лекин афсўс, ки ҳосиламро пазонда, коми пирамарди пояш маҷрўҳу чеҳрааш ҳамеша равшанро ширин карда натавонистам.
Ман, охир...
Агар дар бари модарам мебудам, Агар дар паноҳи хоҳаронам мемондам, На танҳо имсол...
Балки боз чанд соли дигар меваҳои хушрангу балаззат медодам!
...Шўх аст писараки ҳамсоя. Чобук ва бераҳм аст. Мабодо ки хоҳаронамро низ ба ҳоли ман андозад...
Гашти мошинҳо тамоман қатъ гардид.
Акнун одамон ҳам наменамоянд.
Ман дар рўи асфалт як муддат беҳаракат хобида, то кунун зинда будаам магар, ки андак хунук хўрдам.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо