МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
– Намебинӣ? Ангуштарин, ҳамон ангуштарини рўзи ақди никоҳ...
– Ташаккур!
– Намеарзад.
– Саломат бош!
– Ту ҳам...
1983
ФАРЗАНД
Онҳо, писарбачаи дувоздаҳсолаву марди чилсола, дар боғи истироҳати шаҳр, дар зери як соябони нақшини монанд ба қорчи бузурге…
Рўбарў нишаста, яхмос мехўрданд.
Охири баҳорон буд.
Боғи сарсабз лабрези анвори офтоб, лабрези гуфтугузор ва ханда...
Кўдакони масрур аз дасти падару модар ё бародару хоҳарони худ гирифта, сайру гашт мекарданд; ба чархофалак савор мешуданд; меҷаҳиданду мепариданд.
Баъзе аз онҳо, чун писарбачаи дувоздаҳсолаву марди чилсола, дар зери соябонҳои дигар нишаста, низ яхмос мехўрданд; шоду беғам буданд.
Хуллас, боғи истироҳат дар он гашти рўз як қасри сурурро мемонд. Қасре ки буттаҳои хушгул дорад, фаввораву дарахтони раъно ва осмони тозаву офтоби тобон дорад.
Аммо дар чунин рўзи пок писарбачаи дувоздаҳсола ва марди чилсола гўё ба ҳам бегона буданд; побанди хаёл ва ҳар кадоме ба таври худ танҳо...
Тамоман танҳо буданд.
Сари ҳар ду низ андак хам, онҳо ба якдигар сухане нагуфта, аз ду зарфаки поядори филизӣ ва сард, ки дар рўи мизи гирда меистод, яхмоси сард мехўрданд.
Писарбача ангуштони дароз-дарози базеб дошт, сиёҳчарда ва ситорагарм буд. Мўйсараш ғулӣ... ба чашмони калонкалони мешӣ ва андак мағмуми ў мижаҳои зичаш соя меандохтанд. Кас ба як дидан пай мебурд, – ин бачаи дар назар ҳассос эҳтимол фарзанди ҳамин мард аст, ки ҳоло ба вай рўбарў нишаста, аҳён-аҳён, гўё қадре тарсида, ба сўяш чашм медавонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор