Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Вале...
Чунин менамояд, ки писарбача инро ҳис намекунад, ё ҳис кунад ҳам, эътибор намедиҳад.
...Бале, падару писар буданд онҳо!
Ҳафтае як маротиба вомехўрданд. Дар пеши боғ ё қади кўча, дар назди корхонаи мард, дар мактаби писарбача...
Имрўз шояд бори сиюм ё чилум буд, ки онҳо боз якдигарро медиданд.
Мард ба ин вохўриҳо қариб ҳамеша сархам ва дар қайди андеша меомад.
Писарбача низ...
Ва онҳо қариб ҳамеша аз якдигар ғамгин ҷудо мешуданд.
...Писарбача яхмосашро то охир хўрда, беихтиёр ба нуқтае чашм дўхт.
Мард ҳам чумчаро даруни зарф гузошта, мулоим сар бардошт. Нигоҳаш чеҳраи ботаровати писарбачаро навозиш мекард. Сухане гуфтан мехосту наметавонист…
Ва изтироби дилаш шадид мешуд.
– Мехезем? – ниҳоят пурсид ў.
– Ихтиёр... – ҳамчунон нигоҳашро гурезонда, гуфт писарбача.
Мард боз ба сукут рафт.
Писарбача низ хомўш буд.
Ба гўш бештар хандаи кўдакон мерасид. Насими серуни баҳорон мевазид...
– Ту барои чӣ ин қадар озурда менамоӣ? – пас аз муддате як оҳ кашида, ба меҳр пурсид мард.
Овозаш меларзид.
– Ман озурда не… – гуфт дар ҷавоб писарбача.
Овози вай ҳам каме меларзид.
– Хонданат чӣ хел? – боз пурсид мард.
– Нағз, – гуфт писарбача.
– Модарат чӣ?
– Нағз...
– Ягон чиз мехоҳӣ?

пешина
аз 551
навбатӣ