Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Чӣ... ягон чиз?
– Масалан, китоб, либос, пойафзор... ё боз ягон муҳимми дигар.
– Не, ҳама чиз дорам.
– Саломатиат дуруст?
– Бад не.
– Пас барои чӣ ин тавр ғамгин метобӣ?
– Ман ғамгин нестам. Лекин...
– Чӣ лекин?
– Ҳеҷ... – гуфт писарбача ва нигоҳашро ба зарфаки сарди филизӣ шикаст; аз нав хомўш монд.
– Мехезем? – пурсид мард.
– Ха-айр, – гуфт писарбача.
Ва онҳо бархостанд.
Мард ба фарқи сари ў дасти навозиш бурда, чун гунаҳкор бе ҷуръат табассум кард.
– Баадаб шав, писарам. Ба кору бори модарат мадад расон… Хуб?
Писарбача ҳарфе нагуфт, фақат китф барҳам кашид. Ва онҳо аз боғи истироҳат берун шуда, ба хиёбони маркази шаҳр дохил гардиданд. Бешитоб қадам монда, гоҳо дар байни худ як-ду калима радду бадал мекарданд.
Ниҳоят онҳо дар пеши иморати баланде қарор гирифтанд.
– Меравӣ? – пурсид мард, дар ҳолате ки аз қомати химчаи писарбача чашм канда наметавонист.
– Ҳа-а, меравам.
– Таъини маро фаромўш накун: баадаб шав… То метавонӣ, бештар китоб хон.
– Ман инро фаромўш намекунам, – сухани ўро бурид писарбача. – Лекин...
– Чӣ лекин? – ба ҳаяҷон омад мард.
– Хонданам нағз. Ба кору бори модарам ҳам мадад мерасонам. Лекин баъзан...
Дили мард сахт ва ноором метапид.
– ...Баъзан хаёл мекунам, ки барои чӣ дар хона нестед.
Истода-истода... баъзан мехоҳам ҳамроҳ сари дастархон шинем, телевизор бинем, кўча бароем...
Писарбачаи дувоздаҳсола инро гуфту дар чашмони зебояш ашк давида, суханаш нотамом, тозон ба дарвозаи иморати баланд рафт.

пешина
аз 551
навбатӣ