МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Ин майдон чунон фарох, ки ба назар ҳадду канор надорад. Сап-сафед аст. Кас агар дарозтар нигоҳ кунад, чашм мебарад рангаш.
Нўки ниҳолон...
Ғарқи анвори офтоб, аз нафаси боди сабуксайр оҳиста меҷунбанд.
Ҳавои саҳаргоҳон сард...
Ҳоло, дар ин нимарўз, гарм аст.
Дар сари ҷўяке, дар пояи чанд ниҳоли аз заҳри кимиё баргрехта, аммо кукаҳояш ҳама шукуфон...
Дар болои пешдомани карбос як кўдаки тахмин дусола мехобад.
Дар наздаш пораи нон, бодиринги газида, чумча, косаи чўбини холӣ.
Замин рутубатнок.
Ба димоғ бўи ҳамон заҳр меояд, ки дирўз қариби бегоҳ ба сар то сари ин майдон...
Аз ҳавопаймо пошида буданд.
Зиллаи сиёҳе ба пои урёни кўдак менишинаду фавран ҷаста, худро ба дигар ҷўяк мезанад. Дуртар аз вай, дар шохаки ниҳол, малахи танҳое беист меҷунбад. Як ганбуски визвизак аз болои шиками кўдак...
Рў-рўи куртаи чиркин шитобон гузашта меравад. Ду-се пашша парзанон ғинг-ғинг доранд.
Кўдак бедор шуда, мегиряд. Вале гиряашро...
Хишир-хишири ниҳолон пахш мекунад.
Ана... ў бармехезад. Вале пояш дар банди пешдоман печида, рў ба ҷўяк меғалтад.
Баргҳои хазону хоки намро ба дандон газида, паҳлу гашта натавониста, нафасаш мегирад; дасту по мезанад. Вале...
Дигар аз ҳолу мадор рафта, ранги рўяш батадриҷ кабуд мегардад.
Аз вай хеле дур, дар миёни майдон, модараш бағоят хаста шуда, беихтиёр ғанаб кардааст. Дар пеши пояш як ҷуфт калўши кўҳна. Дастонаш харошида; куртаи чити майдагулаш ҷо-ҷо дарида... Намеҷунбад – сангро мемонад. Гўё ба ду гесуи сиёҳаш ўро то охири умр дар нофи замин бастаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор