Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Қурси офтоб бисёр мехоҳад, ки тамоми нурҳояшро ба чеҳраи бетаровати ин зан рехта...
Аз барои кўдак бедораш кунад.
Ба сари майдон як зоғи сиёҳ пар кашида, «қар-қар» овоз медиҳад. Овозаш чунон гўшхарош, ки...
Аз қар-қари зоғи наҳс, ё аз чизи дигар... дар ҳар сурат зан чашм мекушояд.
– Худам бедарак... хобам бурдааст, – ба оҳанги коҳиш пичирос мезанад ў ва пешдоманро, ки ҳанўз пур нашудааст, дар миёнаш маҳкамтар баста, сараш хам, боз ба кор шурўъ мекунад.
– Нағз, ки хоб аст, – дубора пичирос мезанад ў. – Ҳам ба ман азоб, ҳам ба вай. Лекин чӣ илоҷ, – бе пул рўз гузарондан мушкил. Имрўз агар шаст кило чинам... Ҳар килояш панҷ тин. Чанд сўм мешавад?..
Аз ришта-ришта ашки ба гунаҳои зардаш таровида бехабар, дарди устухонҳояшро ба зўри иродат фурў нишонда, зан кўшиш дорад ба қафо, ба сари замин нигоҳ накунад.
Дар он ҷо писарчааш хобидааст...
Кош то офтобшинам бедор намешуд!

5 Вай ба сиву ҳафт қадам мемонд. Дардаш сахт буд ва аз ин боис қариб ду моҳ боз дар бемористон мехобид.
Як рўз, дар ҳолате ки сараш кам-кам чарх зада, дилаш беҳузур мешуд, ба ранги заъфарон дар рўи кат нишаста, аз тирезаи барқад ба саҳни бемористон менигарист. Ҳампалатаҳо дар атрофи миз гирд омада, чой менўшиданд. Онҳо акнун сиҳат ёфта буданд...
Ва медонистанд, ки фардо ё пасфардо ҳатман ба хонаҳои худ – назди зану фарзандонашон мераванд. Аз ин рў хурсандӣ мекарданд; ҳар гуна латифаҳо гуфта, ба қавле занги дил мебароварданд.
Дар берун авҷи баҳорон буд.
Борони найсон меборид...
Вай аз шохаҳои сабзи дарахтон, ки дар саҳни бемористон ба шукўҳ қад кашида, дар дилу дида гўё нуру сафо мебахшиданд, чашм канда наметавонист.

пешина
аз 551
навбатӣ