Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Хаёли дардолудаш ба ҳар кўй сар мехалонд; ҳама умеду орзуяшро барбодрафта мепиндошт. Ва қалби пурэҳсосаш афсурда... беихтиёр кўдакии худро пеши назар меовард, – он айёмеро, ки дар паноҳи навозиши модару меҳрубониҳои падар буд. Аз ғами дунё дар канор мегашт, тани сиҳату дили беғам дошт. Осмон барояш ҳама рўз мусаффо буд, замин дар зери пояш парниёни ҳафтрангро мемонд. Офтоб...
Пайваста ба рўяш механдид. Гўё бачагиаш гулбарге буд, ки дар оғўши боди атрбези баҳорон сабук шино карда, аз сари боғоту талҳои сабз мегузашт.
Ҳоло чӣ?
Сиву ҳафт сол дорад ҳоло! Ва намедонад, ки дар ин бемористони моломол аз бўи дору боз чанд муддат хоб мекунад. Умуман аз ин ҷо зинда мебарояд ё...
...Ҳампалатаҳо баланд хандиданд.
Латифа мегўянд онҳо.
– Як бача ҳар рўз ба тамошои филми «Чапаев» метохтааст, – бори чандум буд, ки ҷавони тахмин биступанҷсолаи рафидарўй боз ба ҳикоят оғоз намуд.
– Хайр? – гуфтанд дигарон.
Ҷавон ба худ қиёфаи ҷиддитар гирифта, суханашро беғам идома дод:
– Падараш аз ин кори ў ҳайрон шуда, пурсидааст: ту он филми пурмағалро чанд бор мебинӣ? То даме ки Чапаев аз дарё зинда нагузарад... гуфтааст бача дар ҷавоб.
– Ҳа-ҳа-ҳа... – хандиданд дигарон.
– Беақл! – латифаашро ҷамъбаст кард ҷавони рафидарўй ва низ қаҳқаҳ зад.
Дар берун авҷи баҳорон буд...
Бемори сивуҳафтсола талх табассум кард. Ва чашм ба саҳни бемористон – ба дарахтони сабзу рез-рези борони найсон дўхта, дар як ҳисси ҷонсўз аз дил гузаронд, ки вай ҳам бача буд. Дар зодгоҳи вай ҳам филми «Чапаев»-ро чанд шаб намоиш дода буданд. Вай ҳам пас аз он ки кору бори хонаашонро – аз қабили алаф даравидан, об овардан, ҳезум шикастан, мева чидан, каҳ кашондан ва ғайра саранҷом мекард...
Ҳар бегоҳ аз падараш ба зориву тавалло пули майда гирифта, тозон ба тамошои филми «Чапаев» мерафт.

пешина
аз 551
навбатӣ