МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Падараш ҳайрон шуда, аз вай ҳам пурсида буд:
«Ту он филмро чанд бор мебинӣ?»
«То даме ки Чапаев аз дарё нагузарад», – ба чашмонаш ашк давида, гуфта буд вай ҳам дар ҷавоб.
...Боз ягон латифаи намакин шуниданд магар, ки ҳампалатаҳо баланд хандиданд.
Вай беихтиёр табассум кард; табассуми тунук, беҳол...
Дар пушти тирезаи барқад авҷи баҳорон буд. Ба сари сабзи дарахтон борони найсон мерехт.
1987
БОРОН
Донистан мехоҳед, ки барои чӣ вақтҳои охир табъи ман хуш нест? Ва чаро бештар дар банди хаёл мегардам?
Бале, ёфтам – ман зуд фаҳмидам, ки шумо сабаби ҳаминро пурсиданӣ. Лекин чизе нагўед; хомўш будан беҳтар. Чунки дарди диламро худам ҳам намедонам.
Масалан, имрўз...
Чаро ман боз парешонам? Барои чӣ ҳушамро ғундошта наметавонам?
Аҷаб ҳолате дорам. Ба ҳар хел фикрҳо рафта, худ аз худ зиқ мешавам. Эҳтимол шумо бигўед, ки сабабаш маълум – дирўз аз сармуҳаррир гап шунидӣ. Барои аз кор дер мондан, барои тундӣ, гарданшахӣ... Не, тахминатон нодуруст.
Сабаби ин дигар аст. Зеро сардорамон пўстини маро дирўз афшонда буд. Парерўз не, як ҳафта ё як моҳ пеш ҳам не. Аммо мани меҳнатӣ...
Қариб ду моҳ боз дар чунин ҳоли парешонам. Хаёлам, ки ягон чизи бароям бисёр азизро гум кардааму вай худаш чист, ҳеҷ намефаҳмам. Рўзҳои дароз ғарқи андеша мегардам, шабҳо дуруст хоб рафта наметавонам.
Ин саҳар, масалан, чӣ шуд?
Ягон воқиаи фавқулодда рўй надодааст.
Лекин табъам хира.
Бегоҳ аз кор баргашта, як пиёла чой нўшида-нанўшида, фавран ба сари миз нишастам, ки ҳамон мақолаи фармудаашонро (шумо медонед – дар бораи вазъияти ҳаммомҳои шаҳр) ниҳоят шах карда, имрўз ба мудири шўъба супораму гўшам камтар ором гирад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор