Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Вале... ҳарчанд зўр задам, нашуд. Дар пешам санади бисёр, як таҳ коғази сафед, худам танҳо – касе халал намерасонад, ба дастам қалам…
Дар курсӣ баста мондагӣ барин камаш ду-се соат наҷунбида нишастам. Ҳамин қадар нишастаму ақалан ним саҳифа навишта натавонистам.
Ин мағзи сабил ба ман ҳеҷ итоат намекард. Ба ҷои ҳаммомҳое ки дар муддати панҷ рўз аз яктааш ба дигараш рафта, дар чӣ аҳвол будани онҳоро ба чашмам дида, гоҳо хурсанд шудаву баъзан ғазабам омада, аз таҳти дил ягон чизи хонданбоб навиштан мехостам...
Аз чӣ бошад, дар пеши назарам фақат мардуму манзараҳои деҳа метофтанд.
Деҳаи худамон, зодгоҳам...
Аз барор нагирифтани корам ботинан азоб кашида, масалан, чеҳраи мудири ҳаммоми рақами чор ё нўҳро тасаввур карданӣ мешудам. Лекин… эҳа-а! – ба ҷои онҳо рўи касони дигарро медидам: ягон кампири аз кўдакиам шинос, ягон бачаи шўх, ягон марди бадлафз ё хушгап... Аз ҳама бештар Иноят Шамсиддини чўпонро ба ёд меовардам.
Вай дар деҳаи мо одами бисёр машҳур аст. Ба содагиаш.
Аз оғози ҷанг то рўзи Ғалаба ба фашистон мубориза карда, дар бари синааш ду ордени Шараф... ба деҳа баргашта, ҳамон боз дар калхоз рама мепояд.
Мефаҳмед – чил сол инҷониб чўпон аст он мард. Дилаш соф, нияташ пок. Ба ҳама некӣ мехоҳад, ба ҳама бовар мекунад; аз ғами касе гиряаш меояд, аз хурсандии дигаре…
ҳа-ҳа нагўед, ба рақс медарояд. Як ҳафта пеш шунавам, ба ҳамин одам боз ордени Шараф супурдаанд. Сеюмашро. Вай онро бояд чил сол муқаддам мегирифт.
Тасаввур кунед, ки мукофоти қаҳрамониҳо дар бадали чил сол соҳибашро кофта-кофта, оқибат ёфтааст! Пас хаёли ман ба Иноят Шамсиддин нарафта, ба кӣ равад? Ба мудири ҳаммоми рақами ду, ки бо вуҷуди ҷавони сисола будан…
деги маърака барин шикам монда, аз ҳар қадамаш заминро миннатдор кардан мехоҳад?

пешина
аз 551
навбатӣ