Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Вай умуман одами вазнин, дурандеш ва хушгап буд. Тамоми умр деҳқонӣ карда, ҳафт фарзандашро беминнат хонондаву ба воя расонда, чор-панҷ соли охир дар сояи онҳо давлати пирӣ меронд. Ва чунин менамуд, ки тамкину тааммули ў дар ин муддат аз будаш бештар гардида, ба кас асари нек ҳам мегузорад.
Хуллас, шаби гузашта онҳо аз ҳар дар сўҳбат ороста, хеле дер, аммо хушу хурсанд ба хоби роҳат рафтанд.
Имрўз...
Ду хоҳари калониву бародар ва додарони Мансур барои гусели ў ва дўсти маскавиаш, ки дар ин чанд рўз ба дидадароӣ, покдилӣ ва гуфтори нарми худ ба ҳамаи онҳо писанд омада буд, дар ҳавлии мўйсафед барвақт ҳозир шуданд.
Ва ҳоло, саҳаргоҳ... интизорӣ мекашанд, ки мошини ваъдагӣ кай меояд.
Вале он баъди ним соат, як соат, якуним соат ҳам наомад.
Мансур асабӣ мешуд. Дўсташ низ, агарчи худро осуда вонамуд мекард, ботинан бетоқатӣ дошт – мабодо ки аз ҳавопаймо дер монад!
Мансур инро мефаҳмид ва хиҷолат кашида, мегуфт:
– Шояд ба вай ягон ҳодиса рўй дод.
Аммо дар лабони Андрей табассум мешукуфт.
– Парво накун, дар ҳар сурат меравем. Мошини раҳгузар ҳаст, боз... автобус будагист.
– Аз автобус ҳоло дер мондем. Барои мошини раҳгузар...
– То маркази ноҳия пиёда рафтан лозим?
– Ёфтӣ! – бадтар асабӣ мешуд Мансур.
– Ҳеҷ қисса не, пиёда меравем. Бинем, ки ба ҳавопаймо расидан мушкил, – фавран ягон таксӣ мегирем. Пул дорам...
– Ман ҳам дорам!
– Пас... рафтем, – ҳамчунон механдид Андрей.
– Меравем, нарафта чӣ... Лекин, охир, ту шоҳидӣ, вай худаш ваъда карда буд.
– Ба оилаи мо як мошини доимӣ даркор барин, – гуфт зери лаб мўйсафед, ки низ дилтанг мешуд.
– Мехарем, – овоз баровард писари калони ў, ки то ҳол гўё дар банди хаёл монда, хомўш менишаст.
– Худаш ваъда карда буд, а! – дар қаҳр даст афшонда, байни лабу дандон гуфт Мансур.

пешина
аз 551
навбатӣ