Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Шумо чӣ?
– Ман... Худо ҷонамро гирад, дурўғчӣ шудам, – гуфт Ҳаскаш, пичинги ўро ҳамоно фурў бурда. – Шаб, зор монад, чархи мошин кафид. То дуруст кардам, ки...
– О шаб дар хонаи мо будед-ку?
– Рост, ҳақ... Лекин баъд як корафтодаро ба Деҳи Боло бурдам. Кадом хешаш мурдааст. Дар бозгашт...
– Чӣ тавр кафид чархатон?
– Ҳамту... кафиду монд, – пушти сар хоридаву як абруяш боло ва абруи дигараш поин рафта, гуфт Хаскаш. – Раҳи сабил ҳар хел мешудааст – паст, баланд, каҷ, килеб...
– То шаби гузашта инро намедонистед?
– Медонистаму... – гапашро гум карда, лаб газид ў.
– Бар падаратон раҳмат! Воқиан, ҳар хел мешавад раҳ.
На танҳо раҳи мошин, балки аз номаш инсон ҳам.
– Ба ҳар навъ... росту ҳамвораш беҳтар, – хандид Зафарбек. – На чарх мекафад, на гардан мешиканад... Хулоса, роҳати ҷон!
– Ту ҷим шин! Ту ҳоло бача, аз даҳанат бўи шир меояд, – сахт карда, гуфт ба вай Хаскаш ва боз ба Мансуру дўсташ рўй оварда, акнун ба забони шикастаи русӣ суханашро давом дод: – Шумо аз ман наранҷед. Ман гуноҳ надорам, гуноҳи ана он чорчарха.
– Мо асло наранҷидаем. Сониян, барои чӣ ранҷем? Шумо ягон вақт аз мо қарз нагирифта бошед...
– Ҳа-аъ... бале! Аммо ман... нон занад, ки рости гапро мегўям. Ваъдаамон – худатон медонед – соати ҳафт буд.
Мани шўрпешонӣ зери обу арақ монда, чархи мошинро то соати нўҳ базўр дуруст карда, гумон бурдам шумо бешубҳа рафтаед. Охир, билети самалёт доштед! Агар ҳанўз дар хона будани шуморо медонистам, эҳа! – санги сиёҳ барин... дар дилам ормон намемонд.
– Хайр, дар ин ҷойҳо чӣ кор мекунед? – пурсид Мансур.
– Як ҳамсояамон хона рафта, зор-зор гирист, ки то Раҳи калон оварда партоям: дар Шаҳр кадом хешаш мурдааст.
– Аҷаб, муромурӣ бисёр-ку!
– Ҳа, муромурӣ... Раҳмам омад, не гуфта натавонистам.
Чӣ илоҷ, рўи одамизод аз алмос ҳам тезтар.

пешина
аз 551
навбатӣ