Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Боз як пурсиш...
– Марҳамат.
– Барои чӣ моро дар раҳ дида, аз паҳлуямон гузаштеду ҳатто назар наафкандед?
– Надидаам... Азизу авлиё зада кўр кунанд, ки надидаам!
– Пас чаро дар сари фармон хам шуда, гўё пинҳон шуда, махсус рўй метофтед?
– Ба ягон хаёл рафтагистам. Одати мани гаранг ҳамин...
Ана ин кас медонанд.
– Ман намедонам, – гуфт Зафарбек.
– Надонӣ, садқаи сарам! – чашмонаш бештар ба бозӣ даромада, якбора шўрид вай.
– Ҳаддатонро шиносед! – дар байни панҷаҳои бақувваташ чанбари фармонро сахт фишурда, гуфт Зафарбек.
Вале Хаскаш ин дам ба Андрей гап мезад.
– ...корд маъқул?
– Бале, ниҳоят...
– Албатта, корди фармуда буд.
– Бисёр маъқул, – такрор кард ў ва аз чӣ бошад, ки филҳол сурх шуду нишастгоҳи холии пешро тела дода: – Дарро кушо, ман мебароям, – гуфт ба Мансур.
Ва онҳо пасопеш аз мошин фуромаданд.
Андрей боғоҷмонакро чаққон кушода, аз кўлбори худ як корди бағилофи гулбандаш ҷозибро берун овард ва ба сўи Хаскаш ёзонда:
– Гиред, – гуфт. Сипас лаҳзае хомўш монду гашта такрор намуд: – Корди нағз, ҳатто олиҷаноб. Ба соҳибаш насиб кунад.
Хаскаш ноҷунбон рост меистод, гўё шах шуда буд.
– Гиред!
– Охир, барои чӣ? Тўҳфа...
– Гиред гуфтам ба шумо! Аз ҳисоби ин гуна кирокашиҳо ба ман тўҳфа лозим не. Боз махсусан... агар аз шумо хотира бошад!
Хаскаш ба дастони каме ларзон кордро гирифт.
Гирифту...
Онҳо аз нав ба мошин нишастанд.
Ва Хаскаш дар мобайни раҳ танҳо монд.

пешина
аз 551
навбатӣ