МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Базўр мерафтанд...
– Бечораҳо, – гуфтам ман, бадтар бетоқат шуда.
– Албатта... – тасдиқ кард ҳампаҳлуям, дар таассуф ва хаёлолуд калла ҷунбонда. – Пиразан ғафс буд, бо вуҷуди ин қомати баландаш хамзада... Вале пирамард, яъне шавҳараш... вай ба назарам бисёр лоғар, пажмурда ва муштак барин майда метофт. Дар як дасташ тўрхалтаи пур – намедонам, ки дар он чӣ буд – ва боз... асоча; ба дасти дигар пиразанро маҳкам аз дасташ гирифта, дар ҷадал пеш мекашид.
Ҳамин вақт ба дами бод тоб наоварда, кулаҳ ногаҳон аз сараш парид...
Ҳампаҳлуям гўё ба андешаи гароне рафта, сукут кард.
– Баъд? – пурсидам ман, аз чӣ бошад, ба ҳаяҷон омада.
– Баъд... – заҳрханд намуд ў. – Чӣ мешуд баъд?! Онҳо тарсидаву ларзида, дукаса кулаҳро бардошта, сад бор мурдаву аз нав зинда гардида, оқибат кўчаро гузаштанд. Ва мошинҳо аз ҷои худ канда шуда, даршаст ба раҳ даромаданд.
– Ҳамааш ҳамин?
– Ман гуфтам, ки онҳо пири фартут буданд...
– Хайр?
– Боз гуфтам, ки кулоҳаки кўҳнаро дукаса бардоштанд.
– Аҷаб…
– Маънии гапамро нафаҳмидед?
– Не-е, – забон хоидам ман. – Фаҳмидаму… шояд камтар.
– Азоб аст пирӣ! Азоби алим аст.
– Ҳар хел – ба яке азоб, ба дигаре роҳат... Аммо ҳодисае ки ҳоло нақл кардед, ба он шаҳр, ба шўҳрат чӣ муносибат дорад?
Вай баланд хандид; чунон баланд, ки ман дар ҷои нишастаам як қад парида, гуфтам:
– Узр мехоҳам. Аз афти кор... воқиан ҳам мағзи гапатонро нафаҳмидам...
– Мағзи гапам ин ки ман як шаҳри нестдарҷаҳон сохта, дар рўи дунё ном баровардан мехоҳам.
– Ин фикр кай ба саратон омад?
– Шаш сол муқаддам. Ҳамон рўзе ки он пиру кампирро дар калонтарин қўчаи шаҳри бисёр калон дар як ҳоли табоҳ дидам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор