МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Аммо вай боз беҳуш гардид.
...Модар дар кунҷи ҳамон кулбаи вайрона нишаста, дар сари зонувон як пора матои сафед, дар даст риштаву сўзан, зери лаб суруд мехонад. Ва он суруди ғамангез ҳоло дар фазои хона паҳн шуда, то ба самъи пирамард мерасад. Суруде ки дар айёми кўдакӣ модар махсус барои ў мехонд...
Пирамард мегиряд, қалби афсурдааш латма мехўрад. Ба кафи даст ашки шашқаторашро пок мекунад.
Модари дилафгор…
Суруди вай то ба мағзи дили писар раҳ мекушояд.
Ва ҳама дарди бемор низ баробари суруд гириста, Ғарқи ашк мегардад.
Инак модар ҷониби дар меравад.
Ва азобу уқубате ки дар қалби пораи пирамард маскан доранд, якҷоя ба он суруди пурандўҳ…
Аз дар берун мешаванд.
...Чароғи шифт боз равшанӣ медиҳад.
«Модарам аз он дунё омада, мехоҳад ба марги ман – фарзанди нобоисташ... бигиряд. Шояд худои раҳим ба вай иҷозат додааст...»
Ба ПОЙҲОИ пирамард сардӣ медавид.
Дард мекарданд пойҳояш.
Вай мехост кўрпаи дигарро боло кашад. Аммо ПИЛКҲОИ вазнини чашмонаш аз нав ба ҳам часпиданд.
...Ба гўши пирамард садои ба санг бархўрдани путк мерасад. Ва санг майда-майда шуда, пораҳои он дар бистараш фурў мерезанд. Чанд ҷои сари ў кафида…
Ба рўяш,
Ба болинаш хун метаровад.
Чор-панҷ дандоне ки дорад,
Шикаста...
Аз даҳонаш меафтанд;
Ба сари синаи лоғараш меғалтанд.
…Пирамард чашм кушод.
Аз хонаи худ ҷаста буданд чашмонаш.
Тарсовар буданд!
«Ният доштам, ки ба мазори модарам ҳатман санги мармар мемонам. Лекин солҳо гузаштанду дасттангӣ имконият надод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор