Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ё бемеҳр будам?.. Худоё худовандо, гуноҳамро омурз.
Ту, охир, раҳимӣ!»
Инро гуфту боз ба вартаи зулмот афтид.
...Аз баландӣ ба сараш ҳазорон хўшаи гандум мерезанд.
Гоҳо банд-банд...
Мерезанду гўр мекунанд ўро.
Сўкҳои дашнавор тез баданашро мехарошанд, Ба даҳонаш медароянд,
Ба гулўяш...
Ниҳоят аз дарун ба қафаси синааш расида, Чун сўзанҳои дар оташ сурхгардидаи бешумор шушашро ғирбол карда, Оқибат...
Аз чор тараф ба дили фигораш мехаланд.
…Пирамард чашмонашро, ки тамоман бенур шуда, инак мемурданд, Дафъаи чандум буд...
Кушод.
«Қиронбек як баҳор ҳамроҳам ҷуфт ронд. Ба вай ду халта гандум ваъда кардаму тирамоҳ... надодам. Ҳоло ҳамон гандум мекушад маро».
Пирамард зўр зада, мехост ниҳоят овоз барорад; духтару писарашро бедор карда, ба онҳо бигўяд, ки пеш аз марги ў, агар натавонанд… баъди гўру чўбаш ба Қиронбек ду халта гандум диҳанд.
Вале овоз аз гулўяш берун наомада, дар ҷисми пирамард ба мисли сурби тафсон паҳн гардид.
Вай забони сиёҳашро бароварда, ангуштонашро ба даҳон андохт…
То ки овозашро кашида, аз гулў берун ниҳад.
Аммо ҷоғаш ба ҳам пайваста, ангуштони ўро ба исканҷа гирифт. Ва пилки чашмонаш чун сарпўши сандуқ...
Гўё тақарос зада,
Ба якдигар бархўрданд!
...Тирезаи хона кушода мешавад. Ва дар фазои гирди пирамард матои сафеде ба назар омада, беист парафшонӣ мекунад; печутоб мехўрад, – охир надорад ин матои сафед. Хона аз партаваш, ба мисли он ки аз нурҳои офтоби тобон бошад, равшан мегардад.

пешина
аз 551
навбатӣ