Зеҳн
МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Сипас матоъ то ба ҷисми пирамард мехамбад. Ва аввал пояшро, Баъд дасташро,
Китфашро...
Дар худ мепечонад.
Маҳкам мепечонад!
Вале аз ин ў сабук мешавад.
Матоъ пас ба сараш расида, мағзи пирамардро маҳин навозиш мекунад.
Ҳама рагу паяшро низ ба тасарруф дароварда, мулоим мепўшад. Ва ниҳоят, Ба гарданаш мепечад.
Торафт сахттар...
Монанди боди гуворо, ки барги дарахтонро беозор хиширос мезанонад, ба атроф як садои паст, дилнишин ва дар айни ҳол баасрор паҳн карда, Он матои сафед ба гардани пирамард мепечаду мепечад.
Гўё нахи абрешимест, ки ҳаргиз интиҳо надорад.
1988

ОДАМОНИ РАҲМДИЛ

Майхонаи бисёр хурди сари кўчаи калон, ки ҳоло, дар ин нимарўзи авҷи тобистон, пардаи ғафси ягона тирезааш фуроварда ва дараш пўшида буд, ҳамагӣ ду мизу панҷ курсӣ дошт. Миҷозҳо, зананд ё мард, асосан дар бари пештахта истода, ба майфурўш чанд сухан радду бадал карда, барои худ мефармуданду менўшиданду мерафтанд. Кадоме як стакан менўшид, дигаре – ду ё се-чор стакан... Кадоме зуд баромада мерафт, дигаре такя ба пештахта оварда, насибаашро гирифтан баъд сигарета мекашид; боз менўшид, аз нав сигарета дармегиронд. Яке хомўш ба по истад, дигаре ба шарики худ мелақид; танҳо бошад, ҳампаҳуяшро ба гап мегирифт, ё ба майфурўш ҳарфе мегуфту мешунид. Масалан, дигар сухане наёфта, гарданашро ба ин сўву он сў тоб дода, дар назар беҳолу мадор ба забон меовард:
– Ҳаво ниҳоят гарм шуд.

пешина
аз 551
навбатӣ