МУНТАХАБИ ОСОР

Ин китоб аз романи «Се рўзи як баҳор», қиссаи «Обдорӣ, ё худ Кавкабони кабуд» ва як силсила ҳикояҳои марғуби Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун, ки дар солҳои гуногун таълиф шудаанд, дар таҳрири тозаи муаллиф ба ҳам омада, бештар мураккабиҳои олами ботини инсонро мавриди таҳлил қарор медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 1 октябри 2026 · 551 саҳифа
Дар атрофи мизи дигар он мард ва ду нафар зан ҳамчунон сўҳбати баҳазлу шухӣ доштанд. Майфурўш ба миҷозаш, як одами лоғари китфонаш хамида, шароб мерехт.
– Баъд чӣ шуд? – пурсид ниҳоят Сиёҳчарда.
– Чӣ мешуд? – баногоҳ қаҳраш омада, дар алам гуфт Миёнақад. – Қабри падарашон шуд!
– Яъне?
– Наханд!
– Хандаи ман аз раҳм аст. Аз барои он ки ту ба ғазаб наоӣ, аз қаҳрат фуроӣ...
– Рўи ту барин раҳмдил сафед, – низ хандид Миёнақад.
– Хуб, чӣ шуд баъд? Поят чӣ хел осеб ёфт?
– Аз задан... Лаънатӣ усули зарбаро дар тани ман санҷидан хост магар, ҳангоме заминро газида мехестам, аввал ҷуссаамро ба тахтапушт гардонда, пас як боло парида, рост ба зонуям латма андохт. Зарбаш он қадар вазнин буд, ки ман қариб беҳуш шуда, дар рўи асфалт ғел мезадам.
– Вай чӣ?
– Чӣ вай! Ба ҳоли ман каме нигоҳ карда истоду хандидахандида, ҳамроҳи шарикаш рафт. Ё ба тахмини ту якбора сарамро буридан лозим буд?
– Худо нигаҳ дорад!
– Воқиа ҳамин.
– Ба ҳар ҳол нағз: аз ҳад нагузарондаанд.
– Чияш нағз?
– Ман гуфтаниам, ки шукр, аз ин бадтар накардаанд.
– Пули як бегуноҳро кашида гирифта, ба сигаретаи сўзон хуб азоб дода, боз қариб пояшро зада шикананд, кам аст?
– Ман дар муқоиса ба вазъи шаҳр мегўям. Худат медонӣку: ҳоло одам киву пашша чӣ... фарқаш нест.
– Гапат рост албатта. Лекин дар ин аҳвол кай ба як рўзи равшан мерасем?
– Худо хоҳад, ҳама мушкилҳо бартараф мешаванд.
– Эҳа, то бартараф мешаванд, ки умри ман баринҳо ба поён мерасад...
– Ноумед, ошно, шайтони лаин!
– Дар зиндагӣ чунон вазъияте дорам, ки на ба шайтон корам ҳаст, на ба раҳмон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор